Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон бинои Нозироти андози ноҳияи Деваштичро ифтитоҳ намуданд

Дар маркази ноҳияи Деваштичи вилояти Суғд Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бинои нави Нозироти андозро, ки бо тарҳу лоиҳаи замонавӣ бунёд гардидааст, ифтитоҳ намуданд.

Бинои нави замонавии нозироти андоз дар ноҳияи Деваштич дар доираи омодагиҳо ба истиқболи ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бунёд гардида, дар он барои кормандони соҳа ва андозсупорандагон шароити меъёрии кору хизматрасонӣ фароҳам омадааст.

Ба Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ доданд, ки бинои нозироти андози ноҳия аз як ошёна бо таҳхона иборат мебошад. Бино дорои 8 ҳуҷраи корӣ, хизматрасонӣ ба шахсони воқеӣ, ҳуқуқӣ, соҳибкорони инфиродӣ, маркази қабули шаҳрвандон ва маҷлисгоҳ мебошад.

Дар бино як терминали электронии хизматрасонӣ бо маҷмӯи компютерҳо насб карда шудааст. Ин тарзи пешрафтаи пешниҳоди эъломияи андоз ба тариқи электронӣ аз ҷониби андозсупорандагон — шахсони ҳуқуқию соҳибкорони инфиродӣ буда, ба ҳисоби шаффоф, бидуни омили инсонӣ ва бо сарфаи вақт пешниҳоду гирифтани маълумот оид ба фаъолияти молиявию уҳдадориҳои андозсупорӣ мусоидат менамояд.

Таъсиси ҳуҷраҳои кори умумӣ, ки дар он қабули андозсупорандагон дар як вақт сурат мегирад, шаффофияти фаъолияти нозироти андозро дар муносибат бо андозсупорандагон таъмин мекунад.

Дар ҳудуди нозироти андоз ҳамчунин меҳмонхона, биноҳои ёрирасони санитарӣ-гегиенӣ сохта, саҳни иншоот бо ниҳолҳои ороишию гулу буттаҳо обод гардидааст.

Сарвари давлат ифтитоҳи бинои навро дар арафаи таҷлили ҷашни 28 — солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба кормандони соҳа табрик намуданд.

Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баъди шиносоӣ бо шароити корӣ дар иншооти нав ба кормандони нозироти андоз дастуру ҳидоятҳо доданд, ки корро бо андозсупорандагон дар асоси қонунҳои амалкунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба роҳ монанд ва барои ғанӣ намудани буҷети давлатӣ бо масъулиятшиносӣ фаъолият намоянд.

Дар ин бора аз Хадамоти матбуоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.

Add comment


Security code
Refresh