Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон муҷассамаи Деваштичро ифтитоҳ намуданд

Имрӯз Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар доираи сафари корӣ дар ноҳияи Деваштич муҷассамаи Деваштичро ифтитоҳ намуданд.

Муҷассамаи Деваштич дар яке аз мавзеъҳои зебои ноҳия, дар боғи навбунёд, паҳлуи Парчами давлатӣ бунёд шудааст.

Баландии муҷассама бо пояаш 12 метр буда, он аз тарафи ҳайкалтарош Рустам Маҷидов сохта шудааст.

Баъди ифтитоҳи муҷассама Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо нишони эҳтиром дар пояи муҷассамаи Деваштич гулчанбар гузоштанд.

Дар доираи омодагӣ ба таҷлили ҷашни бузурги миллӣ — 30 — солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон сокинони ноҳияи Деваштич бо ҷонибдорӣ аз сиёсати созандаву ободгаронаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бунёди иншооти таъйиноти гуногунро ба роҳ монданд.  Сохтмони муҷассамаи Деваштич низ аз иқдомҳои нек дар ин самт мебошад.

Деваштич — яке аз шоҳони охирини Суғди Самарқанд, ҳокими Панҷакент ва қаҳрамони муборизаи озодихоҳии суғдиён зидди истилогарони араб мебошад. Деваштич соли 720 ҳамроҳи шоҳи Суғд Ғурак дар шӯриши озодихоҳии суғдиён зидди истилогарон иштирок кардааст.

Ба номи шахсиятҳои маъруф ва таърихӣ номгузорӣ кардани шаҳру ноҳияҳои мамлакат ва гузоштани муҷассамаи онҳо қадршиносию арҷгузории Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба хизматҳояшон баҳри пойдории давлатдории тоҷикон ва бақои мардуми тоҷик дар масири таърих аст.

Дар ин бора аз Хадамоти матбуоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.

Add comment


Security code
Refresh