Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон боғи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар ноҳияи Деваштич мавриди истифода қарор доданд

Дар ноҳияи Деваштич Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар вазъияти тантанавӣ Парчами давлатиро барафрохта, боғи навбунёдро мавриди истифода қарор доданд.

Баландии пояи Парчами давлатӣ 50 метр, дарозӣ ва бари матоъ 7 ба 14 метрро ташкил медиҳад.

Масоҳати умумии майдони боғи назди Парчами давлатӣ 1,5 гектарро ташкил медиҳад.

Барои ба як макони дилфиреби сайру тамошои сокинону меҳмонон табдил додани боғ аз тарафи сохтмончиён зиёда аз 1000 дарахти ороишии арча ва гулҳои ранга шинонида шуда, дар масоҳати 80 метри мураббаъ 4 фаввора бунёд ёфтааст.

Инчунин дар роҳравҳои боғи истироҳатию фароғатӣ 20 роҳаткурсӣ, 6 суҳбаткада ва даҳҳо адад чароғҳои ранга насб гардидаанд.

Дар масоҳати 4120 метри мураббаи роҳравҳо сафолакҳои ранга чинда шуда, майдони 4413 метри мураббаъ сабзазор гардидааст.

Мавриди зикр аст, ки дар даврони соҳибистиқлолӣ дар марказҳои шаҳру ноҳияҳои мамлакат гузоштани Нишони давлатӣ ва барафрохтани Парчами давлатӣ ба ҳукми анъана даромадааст, зеро нишон ва парчам аз муқаддасоти миллат ба шумор мераванд.

Дар ин бора аз Хадамоти матбуоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.

Add comment


Security code
Refresh