Иштироки Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон дар мусобиқаи футбол байни наврасон дар шаҳри Гулистон

21 август дар шаҳри Гулистон Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар маросими оғози мусобиқаи футбол байни дастаҳои наврасони вилояти Суғд барои дарёфти «Ҷоми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон» иштирок карданд.

Мусобиқаро дастаҳои наврасони «Спартак»-и шаҳри Хуҷанд ва «Ёвар»-и ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ифтитоҳ карда, байни ҳам қувва озмуданд.

Аз дақиқаҳои аввали бозӣ мушоҳида гардид, ки наврасон дар вақти тамрин бо истифода аз шароити мусоиди фароҳамовардаи Федератсияи Футболи Тоҷикистон нозукиҳои ин намуди варзиши оламшумулро аз худ кардаанд. Чусту чолокӣ, риояи техникаи бозӣ ва дигар ҳаракатҳои футболбозон шаҳодати ин гуфтаҳост.

Ҳисобро дар дақиқаҳои аввали бозӣ варзишгари бомаҳорат Анушервони Рустам кушод. Анушервон бо як маҳорати хос бо зарбаи нишонрас аз майдончаи ҷаримавӣ тӯбро вориди дарвозаи ҳарифон кард.

Мавриди зикр аст, ки бо ташаббуси бевоситаи Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баъди қабули «Барномаи рушди футбол барои солҳои 2012—2016» ва шурӯъ аз соли 2014 баъди эълони «Соли оммавигардонии футбол» дар мамлакат варзиши футбол рушд карда, кӯдакон, наврасон ва ҷавонон бештар ба ин навъи варзиш рӯ оварданд.

Бозии дастаҳои «Спартак»-и шаҳри Хуҷанд ва «Ёвар»-и ноҳияи Бобоҷон Ғафурови вилояти Суғд бисёр шавқовар сурат гирифта, бо ҳисоби 6 бар 1 бо ғалабаи дастаи «Спартак» анҷом ёфт.

5 тӯб дар ин бозӣ бо зарбаҳои қавию нишонрас аз тарафи бозингари бомаҳорат Анушервони Рустам ба дарвозаи ҳарифон ворид гардид.

Баъди анҷоми бозии футбол Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои ҳавасманд кардани футболбозони наврас ба ҳамаи онҳо дучархаҳои замонавӣ ва тӯбҳои чармӣ тақдим карданд.

Дар мусобиқаи навбатии футбол байни дастаҳои наврасони вилояти Суғд, ки аз 24 то 26 августи соли равон дар варзишгоҳи Осоишгоҳи «Баҳористон» баргузор мегардад, дастаҳои «Спартак»-и шаҳри Хуҷанд, «Ёвар» ва «Амирӣ»-и ноҳияи Бобоҷон Ғафуров, «Суғдиён» ва «Дӯстӣ»-и шаҳри Хуҷанд бо ҳам қувва меозмоянд.

Дар ин бора аз Хадамоти матбуоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.

Add comment


Security code
Refresh