Худогоҳу худшинос бояд бошем!

Таърихи тӯлонӣ ва пуршебу фарози кишвар шаҳодат бар он дорад, ки маънавиёт ва фарҳангу маърифати тоҷикона ифодакунандаи сифатҳои хуби инсонӣ буда, ба таҳкими пайвастаи арзишҳои миллӣ, ба фаъолияти созандаи инсоният раҳнамун месозад, ки ҷавҳари аслии рушду тараққии миллати азиз ба ҳисоб меравад.

Аз ин сабаб, мо- ҳар як фарди бо нангу номуси кишварро зарур аст, ки барои зиракиву ҳушёрии сиёсӣ, бедории миллӣ, ҳисси баланди густариши ғояҳои худогоҳиву худшиносии миллӣ, таҳкими ягонагӣ ва сулҳу субот заминагузор бошем.

Лек имрӯз сару садоҳои бисёреро аз гӯшаҳои гуногуни олам шунида, нооромиву низоъҳоро дида, фикре ба сар меояд, ки барои ҷомеаи ҷаҳонӣ айёми душвору пуртазод фаро расидаасту давлатҳои зиёди дунё мавриди ҳамлаҳои ғайриинсонии террористон ва ифротгароён қарор гирифтаанд.

Ин афрод аз ҷумлаи онҳое мебошанд, ки мазҳабу равияҳои бегонаи диниро тай намуда, ҷиноятҳои вазнин содир менамоянд. Ҳатто дар Аврупо бо пулҳои аз хоҷагони хориҷиашон талабида, сомонаи интернетӣ сохта, бардурӯғ ба туҳмат ва сиёҳкунии кишвари мо машғул шуда, бо ин роҳ тухми кинаву адоват ва бадбиниро мекоранд.

Мо–омӯзгорон то ҷон дар тан дорем, инамалҳои ноҷавонмардонаро  маҳкум намуда намегузорем, ки ин зуҳуроти нангин дар байни ҷомеа густариш ёбад ва ҳар чӣ бештар барои тарбияи насли солими ҷомеа саъю кӯшиш менамоем.

М.Тоҳирова,
сармуаллимаи кафедраи назария 
ва методикаи таълими
забони модарии ДДХ

Add comment


Security code
Refresh