ДУШМАНОНИ ДИНУ МИЛЛАТ

Дар давраи истиқлолияти миллӣ-давлатӣ, оқибати сангини пайвастани дину сиёсатро дар таъриху тақдири тоҷикон мо дар мисоли  фаъолияти ҳизби  наҳзат дар солҳои  90-уми садаи ХХ баръало мушоҳида намудем, ки ҳанӯз аз хотираи мардум нарафтааст.

Ҳарчанд Ҳукумати Тоҷикистони навистиқлол ба хотири сулҳу ваҳдат ва таъмин сохтани амну суботи ҷомеа бо мухолифин созишномаи сулҳ баста, ин ҳизбро аз нигоҳи ҳуқуқӣ қонунӣ сохт, вале дар асл дар сохтори сиёсӣ, аз ҷумла сохторҳои қудратӣ мақоми муайян касб кардани ҳизби мазкур ҳам ба низоми давлатдории миллӣ ва ҳам дунявӣ ихтилоф дошт.

Ҳизби мазкур дар дасти нерӯҳои берунӣ ҳамчун василаи вайрон намудани оромии ҷомеа имрӯз низ дар амалисозии нақшаи геостратегии нерӯҳои манфиатҷӯи минтақавӣ дар Осиёи Миёна метавонад нақши бориз дошта бошад. Ба ин робитаи хеле наздики ТТЭ ҲНИ бо созмону ташкилотҳои “байналмилалӣ” шаҳодат медиҳад.

Аз садаи 18 инҷониб хизбу ҳаракатҳои ифроти кӯшиши барқарор кардани  хилофатро дорад, вале ин кӯшишҳо бесамаранд. Кисме аз ин ҳизбу ҳаракатҳоро  давлатҳои тавоно бо дасти худи мусулмонон таъсис дода, аз онҳо барои ба вуҷуд овардани нуктаҳои низоъ дар байни мусулмонон ва сипас дахолат кардан ба ҳалли онҳо ва аз ин роҳ ҳифз намудани манофеи геостратегии худ истифода мебаранд, ки ТТЭ ҲНИ низ аз ин силсила истисно нест.

Бинобарон ТТЭ ҲНИ аз рӯи табиати худ хусусияти миллӣ надошта, сирф хусусияти исломи сиёсиро дорост, ки имрӯз чунин ҳизб ба яке аз василаҳои харобсозии ҷаҳони ислом табдил ёфтааст. Намунаҳои онро чанд даҳсолаи охир дар ҳаводиси сиёсии олами ислом мушоҳида мекунем.

Ахмедова М.,
  н.и.и., дотсенти
кафедраи менеҷменти ДДҲБСТ

Add comment


Security code
Refresh