Мардуми Тоҷикистон бозиҳои сиёсии ҲНИ-ро маҳкум менамояд

Аз азал мардуми сарбаланди тоҷик ҷонибдори сулҳу ороми ва дӯстии халқҳо мебошанд. Мардуми мо ҳамеша дар раванди ҷаҳонишавӣ кӯшиш менамоянд, то насли наврас ва ҷавони меҳан ватандӯстию хештаншиносиро пешаи худ кунанд ва аз таззодҳои зиддимаърифатию зиддиахлоқӣ ҳазар намоянд.

Мо устодони факултети физикаю техникаи Донишгоҳи Давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров тарафдори он ҳастем, ки фаъолияти ҳизби терористию экстремистии ҲНИ на танҳо дар Тоҷикистон, балки дар тамоми давлатҳо қатъ карда шавад. Зеро ин ҳизби террористӣ боиси харобиҳои ҳам моддӣ ва ҳам маънавии Тоҷикистони азизамон ва миллати тоҷик шуд. Фаъолияти ноҷавонмардона ва амалҳои иғвоангези ин ҳизб, ки дар кишварҳои Аврупо худро паноҳандаи сиёсӣ муаррифӣ карда, Ватан-модари худ, халқи худ ва тамоми арзишҳои ватандориро дар назди ҷомеаи ҷаҳонӣ сиёҳ мекунанд, ҳамзамон барои равнақи ва пешрафти иқтисодии Точикистони азиз ва ободию осиштагии сокинони кишвар бо ҳар роҳ монеа эҷод мекунанд, ором нишастан аз рӯи ақл нест.

Ташкилоти САҲА бояд ба ҳизби террористии ҲНИ монеъ шавад, на балки онҳоро дастгири намояд, зеро аз ин ташкилоте, ки бозичаи дасти хоҷагони хориҷияш аст ва вайронию зулмотро пешаи худ кардааст, ҳеҷ нияти хайре нест. Аз ин рӯ аз номи омӯзгорони ватандӯсту меҳанпараст рафтори САҲА ва ҲНИ-ро маҳкум менамоем.

Устодони кафедраи физикаи назариявӣ
ва методикаи таълими физикаи ДДХ

Add comment


Security code
Refresh