Ҳадафҳои ТТЭ ҲНИ - бебунёд

Дар раванди сиёсии ҷомеа ва дар пешравии он нақши мафкура ва шуури сиёсӣ аҳамияти муҳим дорад.

Алалхусус, дар ин замони пуртазод, бархӯрди тамадунҳо ҷараёнҳои экстремистӣ мехоҳанд, ба мафкураи ҷавонон таъсир расонда, доми худ ҷавонони гумроҳро шомил намояд. Аз ин раванд ҷавонони минтақаи Осиёи Марказӣ низ дар канор нестанд. Мисоли равшани онро мо дар иштироки ҷавонон дар набардҳои Сурияву Ироқ барало мебинем.

Маҳз пайдоиши гурӯҳи ифротгароӣ имрӯзҳо даҳҳо нафар шаҳрвандони минтақаро ба доми худ кашида истодааст. Дар ин ҷода, яъне пешгирии гаравиши ҷавонон бояд корҳои фаҳмондадиҳӣ байни шаҳрвандон ҷоннок карда шавад, то ки ин гуна зуҳуроти номатлуб аз ҷомеа барканор шавад. Вале таҳлилҳо нишон медиҳад, ки бо вуҷуди амалӣ кардани тадбирҳои мушаххас ин муаммо то ҳол ҳалталаб аст. Тибқи изҳороти расмии мақомоти ҳифзи ҳуқуқи мамлакат имрӯзҳо бархе шаҳрвандони кишвар дар низоъҳои Шарқи Наздик иштирок доранд.

Аз рӯи таҳлилҳо аксари ин нафарон то 35 – сола ва аз он ҳам ҷавонтар ҳастанд. Ин бори дигар гувоҳи он аст,  ки имрӯз бояд тамоми аҳли ҷомеа бар муқобили ингуна зуҳурот, тафакури иртиҷоӣ муборизаи беамон барад. Аз сухан бояд ба амал гузашт, то фардо дер нагардад. Бояд мақомоти дахлдори соҳавӣ аз рӯи барномаҳои мушаххас тамоми шаҳрвандони мамлакатро ва, пеш аз ҳама, ҷавонону наврасонро аз ҳадафҳои нопок, симои разили  гурӯҳҳои тундрав огоҳ намоянд. Дини поки исломро аз ҳаргуна сиёҳкориву палидиҳо пок созем. Исломи суннатиро, ки қарнҳо инҷониб бобоёну падарони мо мепарастиданд, фаҳмонем. Зеро дар он ҷомеае, ки дин сиёсӣ гардонида мешавад, он дини созанда неву балки сӯзанда мегардад.

Равандҳои бузурги геополитикӣ мамлакати кӯчаки моро низ дар канор монда наметавонад. Тибқи маълумотҳо сари ҳама амалҳои нопок раиси ҳНИ М.Кабирӣ меистад. ҲНИ аз замони таъсисёбиаш барои пешбурди кишвари мо амали неке анҷом додааст. 

Тавре маълум аст, дар ҷумҳурӣ ба гирифтани донишҳои динӣ тамоми шароитҳо фароҳам оварда шудааст.

Дар натиҷаи дастгирии ҲНИ зиёда аз 500 нафар ҷавонони тоҷик ба сафҳои ҷангиёни ДИИШ ҳамроҳ шуда буданд.

Фаъолияти хоинонаву ғайриқонуни ин ҳизби алҳол дар кишвар мамнӯъгашта бар хилофи Конститутсия ва дигар қонунҳои давлат ба шумор рафта, характери экстремистию террористӣ дорад.

Ҷомеаи демократӣ волоияти қонун ва риояи онро аз ҳамаи ҳизбу ҳаракатҳо талаб менамояд.

Манъ гардидани фаъолияти ҲНИ минбаъд барои пешгирӣ кардани фаъолияти ифротгароӣ ва бо сиёсат омезиш додани динро пешгирӣ намуда, ҷомеаро дар руҳияи арзишҳои солими қонунию динӣ тарбия менамояд, ки ба ин аксари сокинони мамлакат ҷонибдоранд.

Ҳар шаҳрванди ҷумҳуриро зарур аст, ватандӯсту худогоҳ бошанд, ба тақдири Ватан бетараф набошанд. Нагузорем, ки нафарони нохалаф майнаи ҷавонони моро бо ғояҳои ифротгароёнаи худ пур намоянд. Ба ҳар як бӯҳтону дасисаи ин гуна гурӯҳҳои экстремистӣ ҷавоби сазовор диҳем ва зиракиву ҳушёрии сиёсиро аз даст надода, баҳри пешравиву шукуфоии диёри азизамон саҳм гузорем.

М.ШАРИФОВ,
устоди Донишгоҳи давлатии Хуҷанд
ба номи академик Бобоҷон Ғафуров

Add comment


Security code
Refresh