Терроризм пуштибони худро дорад

Дар тамоми давлатҳои дунё кормандони САҲА адои вазифа мекунанд, аммо бо чи кор машғуланд ба касе маълум нест, бинобар ин маҳдуд кардани фаъолияти ин созмон аз манфиат холӣ нест.

Сари масъалаи терроризм биёем, агар ин ташкилотҳои террористӣ донорҳои худро намедоштанд, фаъолияти дарозмуддат ҳам бурда наметавонистанд. Зеро барои ҳамаи кор маблағ лозим аст. САҲА дастгири терроризм буданаш, ба назари ман аз давраҳои ҷанги Ироқу Сурия ба оламиён маълум гардид,  зеро онҳо барои беҳбудӣ ва рафъи ҷанг ягон чора наандешиданд. Дар Сурия имрӯз чи қадар мардум дар азобу шиканҷа қарор дорад ва ҳамзамон кормандони созмони САҲА низ дар он ҷо фаъолият мебаранд. Вале барои озод кардани онҳо боз ҳам кормандони қувваҳои мусаллаҳи Федератсияи Россия даст мезананд. Вазифаи асосии САҲА тибқи Оинномаашон бошад, ин озод кардани мардум дар ҷойҳои ҷангӣ, офатҳои табиӣ ва дигар ҳодисаҳои фавқулода мебошад. 

Акнун намояндагони қувваҳои террористии ватани моро маълум гардид, ки киҳо дастгирӣ мекунанд. Худи Кабирӣ дар алоҳидагӣ ҳеҷ корро ба анҷом расонида наметавонад, ҳарчанд ки мардуми зиёдро ҷамъ кунад ҳам аз дасташ ҳеҷ кор намеояд. Боз гап ба сари пуштибониву маблағ меояд. Ҷои пӯшида нест, ки ба ташкилоти террористиву ифротгароии наҳзат, ки ҳизби онҳо дар Тоҷикистон манъ карда шуд, аз ҷумлаи чунин ташкилотҳое, ки бо пуштибонии созмонҳои бунуфузи байналмилалӣ амал мекунанд ва маблаҳои муайян ба онҳо мерасад.

 Тоҷикистон имрӯз рӯ ба тараққӣ ниҳода, қадамҳои устувор гузошта истодааст, далели ин корҳои бунёдкориву созандагии мардуми бонангу номуси миллат мебошад, ки мо ҳар рӯз аз ин пешравиҳо огоҳӣ пайдо мекунем. Аммо ҳоҷагони Кабириву монанди худи Кабириҳо инро дида натавониста истодаанд, нақшаи “барбарос”-е, ки оно доштанд амалӣ нашуд. Имрӯз онҳо бо ҳар роҳу восита мехоҳанд ба оромии мо даст зананд. Мо, мардуми ватандору ватандӯст, бар зидди ватанамон на танҳо даст намебардорад, ҳатто  фикри бад ҳам карда наметавонем. Зеро мо Ватандорем, ватандӯстем ва ватанпарастем.  

М.ШАРИПОВА,
дотсенти ДДХ

Add comment


Security code
Refresh