АВОМФИРЕБИИ НАҲЗАТӢ

Хушбахтона, имрӯз шукрона аз он мекунем, ки дар фазои сулҳу ваҳдат ва озодии афкору андеша зиндагӣ дорем. Кафолати амнияти мо аз суботи ҷомеаи ҷаҳонӣ вобаста аст. Аз ҳама муҳим дар ҷаҳони пуртазоди имрӯза ҳифз намудани дастовардҳои истиқлолияти давлатӣ, ҳуввияти таърихӣ ва арзишҳои миллӣ вазифаи ҷонии ҳар яки мост.

Мардум талхии ҷангу низоъ ва даргириҳоро дар ибтидои солҳои навадуми асри бист хуб дарк кардааст ва аз нӯшобаи заҳрогини дурӯғ, дасиса, найранг, ҳиллабозӣ, кинатузӣ, авомфиребии ТТЭ ҲНИ бехабарона нӯш карда, то имрӯз аз дарди масмумият ранҷ мебаранд.

Бо ҳамаи ин нигоҳ накарда, ба хотири сулҳу ваҳдати миллӣ ва расидан ба ризоияти миллӣ гуноххои ин чинояткорон бахшида шуд.

Муносибати ҳизбҳои сиёсӣ бо дин дар қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон мавриди таваҷҷӯҳ қарор гирифта, танзими дақиқи худро пайдо кардааст. Муҳимтарин манбаи хуқуқие, ки масъалаи мазкурро ба танзим медарорад, Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад. Амалҳои террористии содир намудаи сарони ин ҳизб ошкор намуд, ки ҳадафи асосии ин хизб халалдор намудани оромиву сулху суботи кишвар мебошад. Ҳадафҳои зикршуда назди мардум ва ҳукумати Тоҷикистон ошкор гардида, сабаби ба баста шудани ин ҳизб гардидаанд.

 Манъи фаъолияти ҳизб бо назардошти вайрон кардани вазъи суботи сиёсии кишвар ва даст ба амалҳои ҷиноятии хусусияти террористӣ дошта задани раёсати ин ҳизб (махсусан дар шахси Кабирӣ) ва ҳамчунин берун шудан аз доираи низомномаи ҳизб ба ҳукми Суд олии мамлакат ТТЭ ҲНИ  ҳизби террористӣ эълон шуд. Фаъолияти ТТЭ ҲНИ дар солҳои охир нишон дод, ки дар шароити дур будан аз фазои Тоҷикистон, наҳзатиён муҳоҷиронро туъмаи асосии худ қарор дода, ба доми фиреби худ кашиданд ва сафхои худро афзун намуданд.

Имрӯз коршиносон бар он назаранд, ки ба доми террористӣ бештар ҷавонони муҳоҷир ё муҳассилини кишварҳои арабӣ ҷалб мешаванд. Барои ин онҳо аз шабакаҳои интернетӣ ба таври васеъ истифода мебаранд. Аз ҷумла барои ҷалби ҷавонони минтақаи Осиёи Марказӣ сомонаҳои мухталифи интернетӣ воситаи асосӣ мебошанд.

 Бояд қайд кард, ки наҳзатиён таъсири худро инчунин дар байни муҳоҷирони тоҷик дар кишварҳои Аврупои низ мерасонанд. Баъзе аз нафарони тоҷики муқими Аврупо, ки узви ТТЭ ҲНИ мебошанд, бо баромадҳои худ дар расонаҳои интернет, мехоҳанд дар бораи сиёсати имрӯзаи Тоҷикистон мардумро гумроҳ созанд.

Мо - устодону омӯзгорон, ифротгароӣ ва терроризмро дар ҳама намудаш маҳкум менамоем. Ва ҷавононе, ки ҳаммаслакони ТТЭ ҲНИ мебошанду аз сарзамини Тоҷикистон дур зиндагӣ менамоянд, даъват менамоем, ки аз фикрҳои нодурусти худ даст кашанд. Зеро имрӯз мо тоҷикон дар сарзамини сулҳу осоишта зиндагӣ ба сар бурда истодаем. Диёрамон тинҷу ором ва мамлакатамон зебову шукуфон аст. Ба кишвари худ оянд ва бо мехнати софдилона машгул гашта, рузгори орому осуда ба сар баранд.

Муродова М.Н. – сармуаллимаи кафедраи
фанҳои риёзӣ – табиатшиносии муосири ДДҲБСТ

Add comment


Security code
Refresh