Терроризм миллат надорад ва набояд онро дастгирӣ кард

Ҷумҳурии Тоҷикистон баъди ба даст овардани истиқлолияти давлатӣ, ҳамчун узви комилҳуқуқи ҷомеаи  ҷаҳонӣ бо дигар мамлакатҳои дуру наздик робитаҳои дипломатӣ барпо  намуд, ки ба густариши сиёсати хориҷӣ мусоидат кард. Дар баробари ин бо бисёр ташкилотҳои бонуфузи байналхалқиву минтақавӣ низ ҳамкорӣ оғоз намуд.

Имрӯз дар ҷомеаи ҷаҳонӣ масъалаҳои глобалӣ зиёданд, яке аз онҳо проблемаи терроризму экстремизм мебошад, ки Тоҷикистон пайваста бо он мубориза мебарад. САҲА яке аз аввалин  ташкилотҳое ба шумор меравад, ки бо он Тоҷикистон аз рӯзҳои аввали ба даст овардани истиқлолияти давлатӣ ҳамкорӣ мекунад.

Аммо он масъалаи ба нишасти навбатии онҳо даъват шудани наҳзатиҳо  ин аз рӯи стандартҳои ҷаҳонии ҳимояи ҳуқуқи башар нест, зеро фаъолияти  он дар Тоҷикистон, ки яке аз давлатҳои  аъзои СММ ва созмонҳои дигари ҷаҳонӣ (аз ҷумла САҲА) мебошад, манъ карда, ҳамчун ташкилоти террористӣ эълон карда шудааст. Онҳо бояд ҳамчун ташкилоти бонуфузи байналхалқӣ бояд ҷумҳуриҳои соҳибистиқлолро, ки бо  терроризм ва экстремизм мубориза мебаранд, дастгирӣ намояд ва нагузорад, ки чунин падидаҳои номатлуб садди роҳи муносибатҳои осоиштаву дӯстона байни давлатҳо гардад.

Фаъолияти САҲА асосан аз амният, ҳимояи ҳуқуқи инсон, баробарҳуқуқӣ роҳ надодан ба низоъҳо, ба ҳар гуна падидаҳои номатлуб ва ғайраҳо мебошад. Зеро дар зерсохтори худ 57 мамлакатро сарҷамъ намудааст ва ҳамешагӣ онҳоро бояд дастгирӣ намояд. Инчунин терроризм ватан, миллат надорад ва мақсади он умуман бо орзуву омоли мамлакатҳои ҷаҳон, ки ҳамеша тарафдори сулҳ дар тамоми ҷаҳон ҳастанд, мувофиқат намекунад. Барои ҳамин мо бояд бо терроризм мубориза барем ва нагузорем, ки он ба сулҳу ваҳдату осоиштагӣ заррае ҳам халал расонад.

А. АБДУЛЛОЕВА,
устоди ДДХ

Add comment


Security code
Refresh