Созмони террористпарвар

САҲА-ро мо қаблан ҳамчун созмони таъминкунандаи сулҳу амонӣ дар кишварҳои олам, тарғибгари ғояҳои асили демократӣ, арзишҳои ҳуқуқи башар медонистем. Аммо дар чанд соли охир симои воқеии САҲА ба мо равшантар шуда истодааст.

Созмонҳои байналхалқӣ аксар вақт манфиати иқтисодӣ, ҳарбӣ ва васеъ гардонидани доираи нуфузи давлатҳои муқтадирро дар митақаҳои гуногуни ҷаҳон роҳандозӣ мекунанд. Гоҳо чунин созмонҳо бо маблағгузории давлатҳои абарқудрат таъсис дода мешаванд ва бо баҳонаҳои мухталиф, ба монанди тарғибу ташвиқи демократия, ба вуҷуд овардани фазои мусоиди иқтисодӣ, ҳимояи ҳуқуқи башар чорабиниҳоеро баргузор  шудаистода, ки он на барои давлати дар ҳудудаш ин чорабиниҳо баргузоршаванда, балки барои кишварҳои абарқудрату манфиатхоҳ фоида меоварад.

САҲА низ яке аз ташкилот ва ё созмони байналхалқиест, ки дар асри бист ба хотири ҳифзи кишварҳои Аврупо аз таъсири мамлакатҳои Шарқ ва ба хусус Иттифоқи Шӯравӣ, таъсис ёфта буд. Соли 1990 ин ташкилот дар бораи ба поён расидани «ҷанги сард» эълон мекунад. Зеро маълум буд, ки ИҶШС аз байн рафтааст. Ҳамакнун вазифа меистод, ки фаъолияти созмони мазкур дар ҳудуди собиқ ҷумҳуриҳои иттифоқи Шуравӣ ҷоннок карда шавад, яъне доираи нуфузи абарқудратҳо дар ҷумҳуриҳои нав истиқлолият бадастоварда таъмин гардад.

Даъват гардидани М. Кабирӣ ба конфронси САҲА далели ин аст, ки ин созмон аслан, пуштибони террористон аст ва сабабгори сар задании ҳар гуна низоъҳо байни мусулмонон гаштааст. Бо даъвати М. Кабирӣ дар конфронсаш САҲА собит кард, ки ҳаргиз пуштибони сулҳ дар Тоҷикистон нест.

Гӯиё бо ин кирдораш САҲА ташкилоти террористии наҳзатро рӯйпӯш мекунад ва ба он симои поку тоза мебахшад ва онро ҳамчун ташкилоти ҷабрдида аз ҳукумати кишвараш муаррифӣ мекунад. Ҳол он ки воқеият ин нест, наҳзат ташкилоти террористӣ аст.

Мо, омӯзгорони факултети забонҳои шарқ масъалаи даъвати М. Кабириро ба конфронси САҲА маҳкум мекунем ва изҳор медорем, ки ин кирдори созмони байналхалқӣ ба манфиати Тоҷикистони азиз нест.

Раҳимов И.,
устоди ДДХ

Add comment


Security code
Refresh