Зиракии сиёсиро аз даст надиҳем!

Бо вуҷуди он, ки фаъолияти ҳизби наҳзат ҳамчун ташкилоти террористӣ - экстремистӣ мамнуъ эълон гардид, эҳсос мешавад, ки пайравони он аз амалҳои пасту разилона, иғвобарангезии даҳшатбори худ даст кашиданӣ нестанд. Далели гуфтаҳо падид омадани роҳбари ин ниҳод Муҳиддин Кабирӣ дар шабакаҳои иҷтимоист, ки зери ниқоб боз ҳам бо риёкорӣ машғул аст.

Ҷонибдоронаш ҳамоно ба гумроҳсозии ҷавонон даст зада, барои халал ворид намудан ба пешрафти кишвари тинҷу осудаи мо талош доранд. Ҳадафи чунин ташкилот аён аст. Бо ваъдаҳои бардурӯғ ҷалб намудани ҷавонон ба сияҳкорист.

Аммо насли калонсол хуб дар хотир дорад, ки солҳои навадуми қарни рафта бо гуноҳи наҳзатиён дар кишвар ҷанги хунин сар зад.

Писар ба падар, бародар ба бародар дастболо кард ва хуни ҳазорон бегуноҳон, модарону хоҳарон ва кӯдакон рехта шуд.

Мутаассифона, имрӯз аз мавҷудият ва фаъолияти рӯзномаи ташкилотҳои террористӣ дар саросари ҷаҳон бонги изтироб мезананд. Аз ин лиҳоз, дар мубориза алайҳи терроризм ваҳдату ягонагӣ, зиракии сиёсӣ шарти муҳим аст.

Бояд бо созандагӣ, бунёдкорӣ ва фаросати волою хирадпешагӣ даст ба дасти ҳам гирифта, нагузорем, ки рахнае ба кишвари биҳиштосо расад.

Заррина Ғафурова,
устоди Донишгоҳи
давлатии Хуҷанд ба номи академик
Бобоҷон Fафуров

Add comment


Security code
Refresh