Ҷомеа алайҳи терроризм ва экстремизм

Дар ҷомеаи муосир баробари дастовардҳо ва муваффақиятҳои соҳаҳои гуногуни хоҷагии халқи кишвар баъзан муаммоҳое сар мезанад, ки он проблемаи инсонияти кураи арз аст ва баъзе ҷавонони кишвар ҷиҳати камсаводиву бехабарӣ аз набзи сайёра ба он гирифтор мегарданд. Аз ҷумла, шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои экстремистӣ ва террористӣ, ки дар ҷомеаи мо зидди он муборизаи беамон мебаранд ва дар ин раванд корҳои назаррас ва натиҷаҳои дилхоҳ ба даст омада истодааст... 

Мутаассифона дар тафаккури доираи муайяни Ғарб чунин ақида ҷой гирифтааст, ки гӯё ифротгароӣ хоси табиати дини ислом - яке аз динҳои ҷаҳонӣ бошад.

Дини мубини Ислом чун ҳама динҳои дигар инсониятро ба таҳаммул, тараҳҳум ва тавозӯъ ҳидоят намуда, ҳар гуна зӯроварӣ ва кушторро маҳкум месозад. Бинобар ин терроризм ва ифротгароиро бо ислом пайванд додан хатои маҳз аст. Терроризм ба ягон дин, мазҳаб ё миллат хос нест. Барои он ки дини мубини ислом минбаъд ҳамчун манбаи зӯроварию фишор қаламдод карда нашавад, мо бояд ба ҷаҳолат маърифатро муқобил гузорем ва ба ҷои муқовимати тамаддунҳо гуфтугӯи тамаддунҳоро ба роҳ монем. То замоне инсоният ба ин ҳамкорӣ ва гуфтугӯи судманд муваффақ нагардад, хатари терроризм ва ифротгароӣ боқӣ мемонад.

Аксаран ҳаракатҳои ноодилона, рафтору муносибати бераҳмона ва дастгирӣ аз ҷониби абарқудратҳо бар он меоваранд, ки баъзе ҷавонон ба эҳсос дода шуда, ба корҳои ношоистаи гуногун даст мезананд.

Дар Ҷумҳурии соҳибистиқлоли Тоҷикистон бо Қарори Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти якчанд ҳизбу ҳаракатҳои экстремистиву террористӣ манъ карда шудааст.

Вале мутаассифона баъзе аз ҷавонони мо бо роҳи фиребу гумроҳӣфирефтаи ифротгароён гашта, ба доми онҳо меафтанд ва  ҳаёти худро доғдор ва ҷони худро зери хатар мегузоранд.

Сабаби асосии даст задани ҷавонон ба ҷинояткориву ҳуқуқвайронкунӣ ва шомилшавии онҳо ба ҳизбу ҳаракатҳои экстремистиву террористӣ ва дигар гуруҳҳои ифротӣ аз тарбияи нодурусти фарзандон дар оила, паст будани сатҳи дониши диниву дунявӣ, гумроҳшавӣ, таъсири бекорӣ, муҳоҷирати меҳнатӣ, беаҳамиятӣ ва беназоратии падару модар гардида истодааст. Давлату ҳукумати Тоҷикистон сиёсати созандаву бунёдкорро пеша намуда, ҳадафи асосиаш нигоҳ доштани неъматҳои бузурги истиқлолият ва ягонагиву ваҳдати миллист. Имрӯз барои решакан ва пешгирӣ намудани хатари экстремизму терроризм “Стратегияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба муқовимат ба экстремизм ва терроризм барои солҳои 2016-2020” аз 12 ноябри соли 2016, №776 таҳия ва қабул гардида, ҳамаи мақомоти давлативу ҳифзи ҳуқуқ ва муассисаҳои таълимии кишвар бо корҳои таблиғотиву ташвиқотӣ ва корҳои фаҳмондадиҳӣ бурда истодаанд то ки шаҳрвандон ва ҷавонон аз хатари ин падида огоҳ ва эмин бошанд.

Омили дигари шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои ғайриқонунӣ сатҳи пасти маърифати диниву дунявии ҷавонон ва бекории онҳо бошад, аз ҷониби дигар ба онҳо таъсири муҳити беруна низ хоҳ нохоҳ чӣ дар дохил ва чӣ дар хориҷи кишвар таъсир мерасонанд. ҳарчанд ҷавонон бо ҷойи корӣ таъмин бошанд ҳам, вале аз мадди назари волидайн дур мондаанд. Пас ин ҷо масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд, назорати кору фаъолият ва рафтору амали насли ҷавон низ нақши калидӣ мебозад. Ҷавонон мехоҳанд аз илми муосири ҷаҳонӣ бархурдор, ҳамқадами замон бошанд, таҷрибаҳои пешрафтаи кишварҳои хориҷиро азхуд намоянд, ҷойи кори муносиб дарёфт намоянд. Вале, гоҳо надоштани таҷрибаи ҳаёти онҳоро ба мушкилиҳои ҳаётӣ дучор мегардонад. Ҷавонон солҳои сол дар муҳоҷирати меҳнатӣ кору фаъолият мебаранд, аз меҳри падарию модарӣ ва зану фарзандон дур мемонанд, муҳити бегона онҳоро фаро гирифта, рафтору гуфтору муносибати насли ҷавони моро ба куллӣ тағир медиҳанд...      

Бояд ёдовар бояд шуд, ки надонистани қонун ҷавобгариро истисно намекунад.  Ягон кас ба ҷуз бо ҳукми суд ва дар асоси қонун дар содир намудани ҷиноят гунаҳгор дониста ва ба ҷазои ҷиноятӣ кашида намешавад. Имрӯз ҷомеаи ҷаҳонӣ бар асари нуфузи падидаҳои номатлуб ба ҳамдилӣ, ваҳдату ягонагӣ новобаста аз дину мазҳаб ва миллату халқиятҳо ниёз доранд. Аз ин рӯ, зарурате пеш меояд, ки дар миёни тамоми қишрҳои ҷомеа арзишҳои олии инсонӣ, чун ҳамдигарфаҳмӣ, ваҳдату ҳамдилӣ, фарҳанги олии инсониро тарғибу ташвиқ намуда, аз ин роҳ зиддиятҳои мафкуравиро аз миён бардорем. Дар пиёда кардани ин андешаҳо лоиҳаҳои хурду бузург аз ҷониби ҷавонони эҷодкор дар ҳамаи соҳаҳо бояд ба тавсиб расад.

ҳамарӯза ҳар як амал, рафтору гуфтор ва муносибати ҷомеа бар зидди ин падидаи хатарноки аср нигаронида шуда, тарғибгару ташвиқгари асосии ҳадафи дурбинонаи созандагӣ ва таҳкимбахшандаи ваҳдати миллӣ бояд бошад.

Дар ҳамкорӣ бо мақомоти ҳифзи ҳуқуқ таҳия намудани видеофилмҳо ва намоишу баррасӣ намудани оқибатҳои даҳшатноки ин муаммои доғи рӯз дар байни қишрҳои гуногуни ҷомеа ва ҷой додани он дар шабаҳои иҷтимоӣ (интернет, сомонаҳо, вайбер, одноклассники...), расонаҳои хабарӣ (телевизиону радио) ва ғайра аз манфиат холӣ нест.

Устодони кафедраи забони англисии
факултети забонҳои шарқ, Донишгоҳи давлатии Хуҷанд
ба номи академик Бобоҷон Ғафуров

 

Add comment


Security code
Refresh