Хатари ҳизбҳои динӣ ба давлатдории миллӣ

Таҷрибаи кишварҳое, ки дар онҳо ҳизбҳои динӣ бо номҳои гуногун амал мекунанд, исбот кардааст, ки ҳеҷ пешравие дар он мамолик ба «шарофати» он ҷунбишҳо ва ҳизбҳои дорои идеологияи динӣ ба вуҷуд наомадааст. Баръакс, миёни худи ин иттиҳодияҳои сиёсӣ гоҳо хушунату тазод барои ба даст овардани ҳокимияти сиёсӣ ба авҷи аъло расида, дар маҷмӯъ, монеаи рушди бомароми он давлатҳо гардидааст.

Мутаассифона, то кунун баъзе фирориёни ҳизби террористиву ифротӣ эъломшудаи наҳзат дар хориҷа аз «адолат» – у «нақзи ҳуқуқи инсон» даъво мекунанд, аммо боре нашуда, ки амалҳои хешро дар мизони ақл баркашида, ба хулоса оянд, ки чӣ коре барои ҷомеаи Тоҷикистон ва барои миллат кардаанд.

Ба назар чунин мерасад, ки онҳо дар муборизаи иттилоотӣ бо мардуми шарифи Тоҷикистон танҳо нестанд, созмонҳои тундгаро ва иғвоангез бо тамоми қувваи бадкориҳо туҳмату буҳтон мерезанд.

Аз ҳуқуқи инсон, шарофати инсон ва манофеи инсон он нафаре ҳаққи сухан кардан дорад, ки худаш тимсоли некӣ ва шарофат бошад, яъне накукирдору сирату сураташ мутобиқи ҳам бошад.

Боиси нигаронист, ки дар баъзе мамолики Ғарб ба ҷонибдорони Кабирӣ ва «Гурӯҳи – 24» гӯш медиҳанд, онҳоро дар баъзе маҳфилҳо бологузар намуда, садояшонро пахш мекунанд.

Нахзатиён хостанд аз дини мубини ислом суистифода кунанд, чунки хоҷагони хориҷиашон ин гуна муносибатро ба онҳо ҳам бо маблағ ва ҳам раҳнамоиҳои маънавӣ меомӯзониданд.  Аслан бигирем, аз ибтидои таъсиси ин ҳизб мардуми Тоҷикистон онро намепазируфтанд, зеро аз таҷрибаи давлатҳои хориҷӣ, ки дар он кишварҳо ҳизбҳои исломӣ мавқеи фаъол доштанд, маълум буд, ки сиёсӣ сохтани дин ҳеҷ гоҳ сулҳу субот ва пешрафт намеорад. Дин бояд поку озода бимонад, дин ба сони офтобест, ки аз нурҳои ҷонбахши он ҳамагон бояд истифода баранд ва дар ниҳоят диндорӣ як кори доимии шахс бо Худои хештан аст.

Аслан, бо номи поки ислом ҳизб сохтан ва онро барои сиёсат суиистифода кардан дар умқи худ ихтилофи ҷомеаро ба вуҷуд овардан аст. Ихтилоф ангехтан бо мақсади дарёфти обруву манзалат аз бадтарин фитнаҳост, ки ҳадафи аслии он суст гардондани таҳкурсии бақои давлату миллат мебошад.

Устодони кафедраи
Электроника
и ДДХ

Add comment


Security code
Refresh