ҲНИ ва робитаи он бо созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо

Ҳизби мамнӯи наҳзати исломии Тоҷикистон, ки ҳамчун ҳизби сиёсӣ аз соли 1991 то 29-уми сентябри соли 2015 дар арсаи сиёсии Тоҷикистон фаъолияти расмӣ дошт, мебоист дар таъмини ҳифзи истиқлолияти сиёсиву иқтисодӣ ва фарҳангии Тоҷикистон, якпорчагӣ ва тамомияти арзии ҷумҳурӣ, таъмини ваҳдати миллӣ саҳм гирад. Аммо он ғаразҳои ҳизбӣ, гурӯҳӣ, мазҳабӣ ва шахсиро аз манфиатҳои умумимилливу умумидавлатӣ боло гузошта, барои пиёда сохтани онҳо аз мақомоти давлатӣ ва эътиқоди динии шаҳрвандон сӯиистифода бурданд.

Маълум гашт, ки таи ин солҳо ҲНИ ба бозичаи дасти давлатҳои қудратманд ҳамчун василаи амалисозии манфиатҳои геополитикӣ табдил ёфта, боиси барангехтани кинаву адоват ва тафриқа байни ҳамватанон шудааст. Оташи ҷанги бародаркуш, ки дар афрӯхтани он ҳизби манъшудаи наҳзати исломии Тоҷикистон даст дошта буд, ҷони ҳазорҳо сокинони бегуноҳро ба коми худ фурӯ бурда, ба сари мардуми кишвар бадбахтӣ ва фоҷеаҳои гӯшношунидро овард.

ҲНИ ҳарчанд тамоми аҳдофи ғаразнок ва фаъолияти экстремистию террористии худро бо ниқоби дину мазҳаб рӯйпӯш мекард, вале рӯйдодҳои моҳи сентябри соли 2015 бори дигар моро ҳушдор дод, ки чашм ба сӯи ҳақиқат боз кунем ва парда аз рӯи ин гурӯҳи тафриқаангезу ифротгаро бардорем.

Вуҷуду бақои чунин ҳизби ифротгарову иртиҷоӣ ба сулҳу амният ва Ваҳдату Истиқлолияти кишвар хатари ҷиддие дорад. Мо мавҷудияти ҲНИ ва амалҳои ғайриқонунии онро маҳкум намуда, даъвоҳои пешвоёнашро беасос меҳисобем ва ба чунин афроди хоину ватанфурӯш нафрату надомат менамоем.

 Имрӯз ташкилоти террористии наҳзат, ки бар зидди Ватани худ мубориза мебаранд, фирефтаи созмони байналмилалӣ шудаанд. Кабири ки роҳбари ин ташкилоти мардумфиреб аст, фикр мекунад, ки то охир САҲА пуштибонашон мебошаду, инҳо мардумро фиреб карда, ҳамин тавр мегарданд.

Бояд садди роҳи ин золимон гардид. Мо бояд аз фаъолияти инҳо хабардор бошем ва аз хатарҳои онҳо худро эмин нигаҳ дорем.

Тоҷикистон айни ҳол яке аз давлатҳои рӯ ба тараққиниҳодаи қитъаи Осиё ба ҳисоб рафта, тавонистааст, ки дар арсаи байналмиллалӣ мавқеи худро ҳамчун яке аз кишварҳои сулҳпарвару озодандеш муайян намояд.

Мо аҳли ҷомеаи омӯзгорону зиёиён ҳамеша ва доимо аз сиёсати хукумат дастгирӣ  мекунем. Кӯшиш менамоем ҳушёриву зиракии сиёсиро дошта бошем.

Устодони кафедраи забони англисии
 факултети забонҳои шарқи ДДХ
ба номи академик Б. Ғафуров

Add comment


Security code
Refresh