Баргузории машқҳои муштараки амалиётӣ-стратегии Қўшунҳои гарнизони Суғд ва Минтақаи мудофиаи ҳудудии №3

Аз 3-юм то 5-уми сентябри соли 2019 дар машқгоҳҳои низомии «Чорухдаррон» ва «Нурафшон» машқҳои муштараки амалиётӣ-стратегии Қўшунҳои гарнизони Суғд ва Минтақаи мудофиаи ҳудудии №3 баргузор гардид.

Маросими ҷамъбастии машқҳои муштараки амалиётӣ-стратегӣ имрӯз, 5 сентябр бо иштироки Вазири мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон Шералӣ Мирзо ва Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода дар машқгоҳи низомии «Чорухдаррон» доир шуд.

Маврид ба зикр аст, ки чорабинии мазкур дар асоси иҷозати Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои мусаллаҳ, Генерали Артиш муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз 11 июли соли 2019 ва фармони Вазири мудофиа – муовини аввали Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 23 августи соли 2019, №068 «Оид ба баргузории машқҳои муштараки амалиётӣ-стратегии қўшунҳои гарнизони Суғд ва минтақаи мудофиаи ҳудудии №3» ба нақша гирифта, дар чор марҳила ба таври назариявию амалӣ гузаронида шуд.

Ҳадафи баргузории машқҳои муштараки амалиётӣ-тактикӣ бо қушўнҳои гарнизони Суғд сайқал додани таҷрибаи ҳайати шахсии ширкаткунандагон дар ташкили амалиёти бомуваффақонаи ҷангӣ, ҳамоҳангии сохторҳои низомии вилоят дар сурати ба вуқўъ пайвастани хатарҳои эҳтимолӣ, санҷиши дурусти амалиётӣ-тактикӣ, вусъат додани қувва ва воситаҳои минтақаи мудофиаи ҳудудӣ, баланд бардоштани омодагии рўҳиву равонӣ, қобилияти ҷангиву ҷисмонӣ ва сафарбарии қўшунҳо дар самти доир кардани унсурҳои мухталифи ҷангӣ дар шароити дашту саҳро ва кўҳистони ҳудуди вилоятро дар бар мегирад.

Дар машқҳо тамоми ҷузъу томҳои гарнизони Суғд, қувва ва воситаҳои Минтақаи мудофиаи ҳудудии №3, инчунин ҳайати роҳбарикунанда аз Дастгоҳи марказии Вазорати мудофиа, Ситоди генералӣ ва навъҳои Қувваҳои мусаллаҳ, Гвардияи миллӣ, Қўшунҳои дохилии Вазорати корҳои дохилӣ, Қўшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллӣ, Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гражданӣ ва шаҳрвандони дар эҳтиётбуда ҷалб шуданд.

Вазири мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон Шералӣ Мирзо зимни суханронии худ дар маросими ҷамъбастии машқҳои муштараки амалиётӣ-тактикӣ баргузории чунин машқҳоро муҳим арзёбӣ  намуд. Таъкид гардид, ки мақсади баргузории тамринҳо ин баланд бардоштани омодагии ҷангӣ, пурзўр намудани ҳамкории сохторҳои низомӣ ва беҳтар намудани омодабошии шаҳрвандони дар эҳтиётбуда ба ҳисоб меравад.

Раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзода  зимни суханронии худ кулли иштирокчиёни чорабиниро бо фарорасии яке аз санаҳои муҳими миллат 28-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон табрик гуфта, ба онҳо дар роҳи бунёдкорию созандагӣ ва ҳифзи якпорчагии Тоҷикистони азиз дастоварду муваффақиятҳо таманно намуд.

Раҷаббой Аҳмадзода таъкид кард, ки Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон имрўз қодиранд, манфиатҳои давлати соҳибистиқлоламонро сарбаландона ҳимоя  намоянд.

-Мо бояд меҳру муҳаббат ва тамоми ҳастии худро ба он равона созем, то мардуми шарифи мо дарк намояд, ки артиши қобили ҳифзи марзу буми кишварашро дорад ва халқ метавонад таҳти ҳимояи он ҳаёти осоишта барад, - зикр кард Раҷаббой Аҳмадзода ва илова намуд, ки иштироки ҳазорҳо нафар афсарон, сержантҳо ва сарбозони дар эҳтиётбуда шаҳодат медиҳад, ки мардони асили тоҷик дар сурати пайдо шудани зарурат ба ҳимояи Ватани маҳбубамон омодаанд.

Сипас, дар вазъияти тантанавӣ ба як қатор хизматчиёни ҳарбӣ рутбаҳои навбатӣ, медалу Ифтихорномаи Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Сипосномаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят супорида шуд.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд

 

Add comment


Security code
Refresh