Террористон ба мақсад намерасанд

Тероризм ва ифротгароӣ аз ҷумла падидаи даҳшатнок дар ҷаҳони муосир ба ҳисоб меравад. Моҳияти асосии терроризм, радикализм, тундравӣ дар расидан ба ҳадафҳои сиёсиву идеологӣ буда, ҷомеаро ба хушунат муқовимати мусаллаҳона бар зидди давлатҳои орому осуда харобиву ноамнӣ ва куштору ғорат мувоҷеҳ кардан аст.

Оқибатҳои кори фалокатоварӣ террористон кулли мардуми сайёраро ба ташвиш овардааст. Ифротгарон бар он мекӯшанд, ки ҷавонони давлатҳои мусулмониро бо маблағи зиёд додан ба тарафи худ ҷалб намоянд. Бадбахтона, баъзе ҷавонони гумроҳшудаи кишвари мо ба доми фиреби ин гурӯҳи ифротгароён афтода, рӯзгори осудаву ором, падару модар, зану фарзанд ва ватани худро тарк намуда, дар кишварҳои ҷангзада, дар шароити вазнину ғайриинсонӣ ва хориву зорӣ ба манфиати бегонагон ва зархаридони хориҷӣ меҷанганд. Дар ҷаҳон зиёда аз 500 гурӯҳ ва созмони террористӣ амал мекунад, ки боиси марг ва фалокатҳои даҳшатовар дар рузгори мардуми осоишта ва бегуноҳ мегарданд. Муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддир яке аз сарчашмаҳои маблағгузории терроризми байналмилалӣ мебошад.

Соли 2003 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи мубориза бар зидди ифротгароӣ” қабул гардид, ки мақсади он ҳимояи ҳуқуқ ва озодиҳои инсон, таъмини якпорчагӣ ва амнияти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва мубориза ба ин вабои аср мебошад.

Дар кишвари мо дар асоси қонун фаъолияти ҳизби наҳзат ҳамчун ҳизби ҳизби террористӣ мамнӯъ эълон гардидааст.

Моҳинисо САИДОВА,
омӯзгори фаннӣ таърихи Коллеҷи
омӯзгории шаҳри Панҷакент

Add comment


Security code
Refresh