ДИЛИ МАН ОЛАМИ ОБОД МЕХОҲАД

Муқаддасу гиромӣ доштани якпорчагии ин марзу бум барои ҳар кадоми мо муҳим аст, ба хотире ки баҳри ба даст овардани ин арзишҳои миллӣ ҳазорҳо нафар дар роҳи адолату хақиқат ва муваффақият ба озодӣ ҷонфидоиҳо кардаанд. Албатта барои онҳое, ки барои озодӣ солҳо мубориза бурдаанд, осон набуд, ки дар ин баробар аз ҳаммилатон худ бар зидди онҳо буданд. Онҳо бадкирдороне буданд, ки ба хотири манфиати худ ва бегонагон хоки Ватанро пой доданӣ буданд. Дар гузашта, чун миллати тоҷик ба мисоли имрӯз аз дастовардуҳои муҳим баҳравар набошад ҳам миллати тоҷик, миллати фарҳангсолору сулҳпарвар буд. Шукрона, ки хирадаи азалии мардуми тоҷик на он замонҳо балки имрӯз низ моро барои фатҳи қуллаҳои баланд дар роҳи давлатдорӣ зафарёб меккунад.

Бо вуҷуди ин ҳама имрӯз низ миёни ҷомеаи ҷаҳони зуҳуроти номатлуби аср дар ҳоли решаронӣ аст. Ва маҳз нияте дорад, ки оламиёнро ба гирдбоди худ ба ҳаво андозад. Албатта то кунун ҳастанд нафароне, ки  намехоҳанд халқе, ки замоне ҷангзадаву азиятдида, чун имрӯз дар роҳи созандагиву бунёдкорӣ ва озодист, пеш равад ва такомул ёбад.

Мо бояд донем, ки сулҳи моро ҳазорон давлатҳои дигар орзу мекунанд. Чун онҳо низ ба мисоли мо дар дарёи шигифтангез ғӯтавар гардидаанд. Хушбахтиовар он аст, ки он замонҳо барои бахти миллати тоҷик марди ҷасуре сари қудрат омад  ва ба Тоҷикисон нури озодӣ, нури сулҳу ваҳдат ва дар дилу дидаҳо нури умед бахшид. Шукр, ки имрӯз мо сарфарозем, хушбахту хушиқбол ва пирӯзу муваффақем.

Мо ватандӯстем, мо сулҳпарварем ва барои озодиву ҳифзу ҳимояи ҳуқуқи инсон дар тамоми олам ташаббусҳои созанда нишон хоҳем дод. Моро мебояд, ки на танҳо Ватан балки ҷаҳонро обод созем, то исбот намоем, ки мо ҷонибдори сулҳу субот дар тамоми даҳр ҳастем.

Мавлонова Маърифат,
мутахассиси шӯъбаи ВАО-и ДПДТТ

Add comment


Security code
Refresh