ВАТАН ВАЙРОНА З-ОН ДАСТИ “ВАТАНДОРОН”

Кишвари тамаддунофари тоҷиконро дар тамоми даҳр бо он, ки соҳибфарҳангу башардӯст ва сулҳпарваранд, мешиносанд ва эътироф мекунанд. Ҳамин оини ватандӯстиву ватандории миллати тоҷик буд, ки бо сарбаланди ба дастовардҳои муҳими таърихиву фарҳангӣ, маданиву иҷтимонӣ ва иқтисоди дар ин 28 соли Истиқлолият шарафёб гаштаанд.

Боиси таассуф аст, ки вақту замоне мешавад яке бар зидди ин пешравиҳо мебарояд, ҳамроҳи дигараш барои маломат кардани давлатдорон ва сеюмин ношукр ба танқиди миллатамон оғоз мекунанд. Маврид ба қайд аст, ки ин ҳама нодида гирифтанҳо танҳо ба он хотир аст, чун онҳо имон надоранд ва аз ҳамин лиҳоз ҳисси ватандори низ надорад,беҳуда нагуфтаанд, ки: “Ватандорӣ аз имон аст, эй дӯст”.

Ба хабар доштем, ки чанде қабл намояндагони наҳзатиҳо барои намоиши “дилсӯзона”-и худ назди сафоратхонаи Тоҷикистон дар Берлин омада, сару садои бемантиқ бардоштанд. Он қадар аз худу он роҳбариятти гурезаашон ситоиш намудаанд, ки “устоди ватандор” аст. Аммо ин “ватандорӣ”-и наҳзатиҳо ва пайравони Кабирӣ заминае барои вайрон кардани Ватани маҳбуби тоҷикони ҷаҳон аст.

Дар ҳақиқат онҳо гумон бурданд, ки мардум ҳамоҳанги сару садои он нохалафон мегарданд, аммо онҳо бояд донанд, ки онҳо ақидаву гумонҳои шумо як замонҳо ба ҷо мешуд, имрӯзиён дигар бозичаи дасти лӯхтакбозон нахоҳад шуд. Он намоише, ки Шарофиддин Гадоев ҳамроҳи ҳаммаслаконаш ташкил намудааст ва ҳар шиоре, ки ба забон овардаанд дараҷаи камолоташонро нишон дод. Ба дараҷае, ки ҳатто кӯдакони дар кӯдакистон буда чунин намоишро намеписанданд. Ба ҷои ин, ки чунин лӯхтакбозиҳо мекунед ва “ватандор” будани худро нишон медиҳед, беҳтар аст ки паи тоза кардани гуноҳҳои худ шавед.

Норов Исматулло,
устоди ДПДТТ дар шаҳри Хуҷанд

Add comment


Security code
Refresh