НАСЛИ ОЯНДА БОЯД ДУР АЗ ТАФРИҚА БОШАД

Тоҷикистон, кишвари соҳибистиқлолу демократии мо пас аз он ҳодисаи сиёсие, ки ққарни гузашта аз сар гузаронд, то кунун таъсирашро эҳсос мекунад. Албатта дар ҳар давру замон миллатгароёну ифротгарон барои ҳаёти осудаи мардум халал ворид менамуданд. Ва он ҷанги шаҳрвандӣ низ натиҷаи ҳамин маҳалгароию тафриқаандозӣ буд. Агар ҷанг бо маҳалгароӣ оғоз карда бошад, чунин маром дошт, ки ҳатто майдони озодию шаҳидон ташкил шуда буд.

Хушбахтона дар ҳамон рӯзҳои басе вазнину сангин бар сари халқи тоҷик ваҳдатпарастеро Худо ҳидя кард, ки дилҳову қавму миллатҳоро бо ҳам пайванд намуд. Дар замини тоҷик алангаи оташро хомӯш сохту ба замини муқаддасамон сулҳ овард. Мардум дигар дилгарм шуданд ба зиндагӣ.

Аммо ҷои таассуфовар он аст, ки насли ҳамон босмачиҳои чангталаб имрӯз низ ба ҳар роҳе нияти такрор намудани он ҳодисаҳои мудҳишро доранд. То бадараҷае бедилу бединанд, ки дили модари тоҷикро оташ заданианд, хоки миллати тоҷикро барбод доданианд. Вале хурсандиовараш он, ки дигар мардум ба ҳангомаҳои фиребгунаи онҳо аҳамияте нахоҳанд дод. Чун ҳама дар зиндагӣ хоҳони он аст, ки дар Тоҷикистон барин кишвари зебою биҳиштсо ва аз ҳама муҳим озоду соҳибистиқлол зиндагонӣ намоянд.

Мавлонова М.А.,
устоди ДПДТТ 

Add comment


Security code
Refresh