Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон Маркази истироҳативу фароғатиро дар шаҳри Кӯлоб мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд

11 сентябр дар доираи сафари корӣ дар шаҳри Кӯлоб Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Маркази истироҳативу фароғатиро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.

Маркази мазкур дар рӯзҳои таҷлили ҷашни умумимиллӣ — Истиқлолияти давлатӣ ифтитоҳ ёфта, тӯҳфаи арзандаи соҳибкорони ватанӣ ба сокинону меҳмонони шаҳри Кӯлоб дар солҳои 2019-2021 “Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ” гардид.

Маркази муосири истироҳативу фароғатӣ дорои меҳмонхона бо 20 кати хоб, тарабхона, чойхонаи миллӣ, фаввора ва ҳавзи шиноварӣ мебошад.

Баъди ифтитоҳи марказ дар ин ҷо 20 нафар сокини маҳаллӣ бо кори доимӣ таъмин шуданд, ки дар роҳи бо шуғл фаро гирифтани аҳолӣ иқдоми шоиста мебошад.

Дар марказ имкони қабули меҳмонон ва сайёҳони хориҷӣ фароҳам аст. Барои ба стандартҳои ҷаҳонии хизматрасонӣ мутобиқ кардани маҷмаа саҳни ҳавлӣ, бино ва ҳуҷраҳои он бо нақшу нигори миллӣ ва дигар ороишоти хос, сохта шудааст.

Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба иқдоми соҳибкорон баҳри обод кардани як гӯшаи диёр изҳори сипос карда, онҳоро ба идомаи тадбирҳои созанда ҳидоят намуданд.

Мавриди зикр аст, ки ба истиқболи сазовори ҷашни 30 — солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Кӯлоб аз ҷониби соҳибкорони бонангу номуси шаҳр сохтмони даҳҳо иншооти таъиноти гуногун ба нақша гирифта шуда, як зумра биноҳо дар доираи сафари кории Пешвои миллат мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шуд.

 

Add comment


Security code
Refresh