ҚАРОРИ РАИСИ ВИЛОЯТИ СУFД аз 13 октябри соли 2020, № 310

ҚАРОРИ РАИСИ ВИЛОЯТИ СУFД аз 13 октябри соли 2020, № 310, шаҳри Хуҷанд

Дар бораи даъвати Иҷлосияи сеюми Маҷлиси вакилони халқи вилояти Суғд, даъвати шашум

Мутобиқи моддаҳои 12, 19 ва 20 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ», қарор мекунам:

Иҷлосияи сеюми Маҷлиси вакилони халқи вилояти Суғд, даъвати шашум 21-уми октябри соли 2020, соати 9:00 дар шаҳри Хуҷанд даъват карда шавад.

Ба баррасии Иҷлосияи сеюми Маҷлиси вакилони халқи вилоят, даъвати шашум масъалаҳои зерин пешниҳод карда шаванд:

- оид ба ҷараёни иҷрои қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 майи соли 2014, №301 «Дар бораи Барномаи беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ дар бахши туризм дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2015-2020» дар вилоят;

- ҳисоботи комиссияи доимии Маҷлиси вакилони халқи вилояти Суғд оид ба масъалаҳои ислоҳоти иқтисодӣ ва буҷет;

- ҳисоботи вакили Маҷлиси вакилони халқи вилояти Суғд аз ҳавзаи интихоботии «Унҷӣ», №65 Сатториён Матлубахон Амонзода оид ба иҷрои ваколати вакилӣ;

- дар бораи пеш аз муҳлат қатъ намудани ваколати вакили Маҷлиси вакилони халқи вилояти Суғд дар ҳавзаи интихоботии алоҳида;

- дар бораи таъин намудани интихобот ба ивази вакили хориҷшудаи Маҷлиси вакилони халқи вилояти Суғд, даъвати шашум;

- дар бораи ташкили комиссияи вилоятии интихобот оид ба ивази вакили хориҷшудаи Маҷлиси вакилони халқи вилояти Суғд, даъвати шашум;

- оид ба номгузории объектҳои физикию ҷуғрофӣ;

- дар бораи ворид намудани тағйирот ба буҷети вилоятӣ барои соли 2020;

- тасдиқи қарорҳои Раиси вилояти Суғд.

3. Назорати иҷрои қарори мазкур ба зиммаи муовинони Раиси вилоят Анвар Яъқубӣ, Зайнура Азимӣ ва роҳбари дастгоҳи Раиси вилоят Биволида Самадӣ гузошта шавад.

Раиси вилоят                                             Раҷаббой Аҳмадзода