ҚАРОРИ РАИСИ ВИЛОЯТИ СУFД аз 8 октябри соли 2020, № 304

ҚАРОРИ РАИСИ ВИЛОЯТИ СУFД аз 8 октябри соли 2020, № 304, шаҳри Хуҷанд

Дар бораи таҷлили Рӯзи Асои сафед

Мутобиқи моддаҳои 19 ва 20 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ», моддаи 8 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳифзи иҷтимоии маъюбон», бо мақсади ҳифзи иҷтимоию маънавии нобиноён ва бо назардошти дархости сардори шуъбаи ҳифзи иҷтимоии аҳолии вилоят аз 21 сентябри соли 2020, №555, қарор мекунам:

Санаи 15 октябри соли 2020 дар қаламрави вилоят Рӯзи Асои сафед ҷашн гирифта шавад.

Ҳайати кумитаи тадорукот, нақшаи чорабиниҳо ва харҷномаи таҷлили Рӯзи Асои сафед тасдиқ карда шаванд.

Раисони шаҳру ноҳияҳои вилоят, роҳбарони идораву корхонаҳо ва ташкилоту муассисаҳо, сарфи назар аз шакли моликият ва фаъолияти хоҷагидориашон, бо истифодаи имкониятҳои мавҷуда нобиноёнро бо ғамхории ҳамаҷонибаи моддӣ ва маънавӣ фаро гиранд.

Шуъбаи ҳифзи иҷтимоии аҳолии вилоят бо мақсади аёдати маъюбони гурӯҳи I аз рӯи нобиноӣ аз ҳисоби маблағҳои ба ин мақсад пешбинишудаи шуъба дар соли 2020 барои гузаронидани чорабинии мазкур маблағҳои заруриро ҷудо намояд.

Шуъбаи иттилоотию таҳлилии дастгоҳи Раиси вилоят, идораи телевизион ва радиои вилоят, рӯзномаҳои вилоятии «Ҳақиқати Суғд», «Согдийская правда», «Суғд ҳақиқати» роҷеъ ба ҳаёт ва фаъолияти меҳнатии нобиноён мақолаҳо нашр ва барномаҳо таҳия намоянд.

Назорати иҷрои қарори мазкур ба зиммаи муовини Раиси вилоят Азимӣ З.О. гузошта шавад.

Раиси вилоят                                          Раҷаббой Аҳмадзода