ҚАРОРИ РАИСИ ВИЛОЯТИ СУFД аз 11 декабри соли 2020, № 355

ҚАРОРИ РАИСИ ВИЛОЯТИ СУFД

аз 11 декабри соли 2020, № 355, шаҳри Хуҷанд

Дар бораи даъвати иҷлосияи чоруми Маҷлиси вакилони халқи вилояти Суғд

Мутобиқи моддаҳои 12 ва 20 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ», қарор мекунам:

1. Иҷлосияи чоруми Маҷлиси вакилони халқи вилояти Суғд, даъвати шашум 29 декабри соли 2020, соати 9:00 дар шаҳри Хуҷанд даъват карда шавад.

2. Ба баррасии иҷлосияи чоруми Маҷлиси вакилони халқи вилоят, даъвати шашум масъалаҳои зерин пешниҳод карда шаванд:

- дар бораи эътироф намудани ваколати вакилии вакили навинтихобшудаи Маҷлиси вакилони халқи вилояти Суғд, даъвати шашум аз ҳавзаи интихоботии «Бофанда», №2 шаҳри Хуҷанд;

- ҳисоботи Раиси вилояти Суғд дар бораи фаъолияти Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят дар соли 2020;

- дар бораи тасдиқ намудани «Барномаи рушди иҷтимоию иқтисодии вилояти Суғд барои солҳои 2021-2025»;

- дар бораи ворид намудани тағйирот ба буҷети вилоятӣ барои соли 2020;

- дар бораи қабули буҷети вилояти Суғд барои соли 2021;

 - ҳисоботи комиссияи доимии Маҷлиси вакилони халқи вилояти Суғд оид ба масъалаҳои қонуният ва тартиботи ҳуқуқӣ;

- ҳисоботи вакили Маҷлиси вакилони халқи вилоят аз ҳавзаи интихоботии «Марҳамат», №43 Мамадҷонов Шӯҳрат Манзуралиевич оид ба иҷрои ваколати вакилӣ;

- дар бораи пеш аз мӯҳлат қатъ намудани ваколати вакилии вакилони Маҷлиси вакилони халқи вилоят, даъвати шашум дар ҳавзаҳои интихоботии алоҳида;

- дар бораи таъин намудани интихобот ба ивази вакилони хориҷшудаи Маҷлиси вакилони халқи вилояти Суғд;

- дар бораи ташкили комиссияи вилоятии интихобот ба ивази вакилони хориҷшудаи Маҷлиси вакилони халқи вилояти Суғд, даъвати шашум;

- оид ба номгузории объектҳои физикию ҷуғрофӣ;

- тасдиқи қарорҳои Раиси вилояти Суғд.

3. Назорати иҷрои қарори мазкур ба зиммаи муовини якум ва муовинони Раиси вилоят, роҳбари дастгоҳи Раиси вилоят вогузор карда шавад.

Раиси вилоят                           Раҷаббой АҲМАДЗОДА