Қарори Раиси вилояти Суғд аз 8 апрели соли 2016 № 170

Дар бораи даъвати иҷлосияи шашуми Маҷлиси вакилони халқи вилояти Суғд, даъвати панҷум

Мутобиқи моддаҳои 12, 20 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ»

қарор  мекунам:

  1. Иҷлосияи шашуми Маҷлиси вакилони халқи вилояти Суғд, даъвати панҷум 22 апрели соли 2016, соати 9:00 дар шаҳри Хуҷанд даъват карда шавад.
  2. Ба баррасии иҷлосияи шашуми Маҷлиси вакилони халқи вилоят, даъвати панҷум масъалаҳои зерин пешниҳод карда шаванд:

       - оид ба рафти иҷрои Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 24 феврали соли 2016, № АП-681 «Дар бораи шаҳр, ноҳия, шаҳрак, деҳот, деҳа, маҳаллаи беҳтарин, хона ва оилаи намунавӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» дар вилояти Суғд.

      - ҳисоботи комиссияи доимии Маҷлиси вакилони халқи вилояти Суғд оид ба масъалаҳои илм, маориф, фарҳанг ва сиёсати ҷавонон.

      - ҳисоботи вакили Маҷлиси вакилони халқи вилоят аз ҳавзаи интихоботии «Шаҳристон», № 70 Ёқубзода Умар оид ба рафти иҷрои ваколати вакилӣ.

      - дар бораи пеш аз мeҳлат қатъ намудани ваколати вакилии вакилони Маҷлиси вакилони халқи вилоят дар ҳавзаҳои интихоботии алоҳида.

      - дар бораи таъин намудани интихобот ба ивази вакилони хориҷшудаи Маҷлиси вакилони халқи вилоят.

      - дар бораи ташкили комиссияи вилоятии интихобот ба Маҷлиси вакилони халқи вилояти Суғд, даъвати панҷум.

      - оид ба номгузории объектҳои физикию ҷуғрофӣ.

      - оид ба тасдиқ намудани қарори Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Ашт аз 2 июли соли 2015, № 20 «Дар бораи Нақшаи генералии маркази ноҳияи Ашт – шаҳраки Шайдон».

      - тасдиқи  қарорҳои Раиси вилоят.

      3. Назорати иҷрои қарори мазкур ба зиммаи муовини Раиси вилоят Файзуллозода З.Қ. ва роҳбари дастгоҳи Раиси вилоят Зоирӣ F.М. гузошта шавад.