Қарори Раиси вилояти Суғд аз 7 апрели соли 2016 №168

Дар бораи таҷлили Рӯзи Fалаба дар Ҷанги Бузурги Ватании солҳои 1941-1945 Мутобиқи моддаи 20 Қоуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ», бо назардошти аҳамияти оламшумули Fалаба дар Ҷанги Бузурги Ватании солҳои 1941-1945, бо мақсади қадршиносӣ аз ҷасорату мардонагии иштирокчиёни ҷанг, посдории хотираи шаҳидон ва тарбия намудани наслҳои ҷавон дар рӯҳияи ватандӯстӣ, қарор мекунам:

1. Санаи 9 майи соли 2016 дар қаламрави вилоят Рӯзи Fалаба дар Ҷанги Бузурги Ватании солҳои 1941-1945 ботантана таҷлил карда шавад.

2. Ҳайати кумитаи тадорукот, нақшаи чорабиниҳои ҷашнӣ тасдиқ карда шавад.

3. Шӯъбаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа, маъмурию ҳуқуқии дастгоҳи Раиси вилоят, Раёсатҳои кор бо занон ва оилаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят, маориф, фарҳанг, ҷавонон, варзиш ва сайёҳии вилоят якҷоя бо Шӯрои собиқадорони ҷангу меҳнати вилоят ҷиҳати бошукӯҳ ва хотирмон доир намудани тантанаҳои ҷашнӣ бо иштирокчиёни Ҷанги Бузурги Ватанӣ дар муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ, миёнаи махсус, умумӣ, муассисаҳои фарҳангӣ, қисмҳои ҳарбӣ ва корхонаву ташкилотҳо силсилаи мулоқоту сӯҳбатҳо баргузор намуда, ҷиҳати аёдат, дастгирии моддию маънавии иштирокчиёну маъюбони Ҷанги Бузурги Ватанӣ ва шахсони ба онҳо баробар чораҷӯӣ намоянд.

4. Раёсати тандурустии вилоят якҷоя бо шӯъбаи Агентии давлатии ҳифзи иҷтимоии аҳолии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят ва Шӯрои собиқадорони ҷангу меҳнати вилоят барои расонидани хизмати кафолатноки тиббӣ, ҳифзи иҷтимоии иштирокчиёну маъюбони Ҷанги Бузурги Ватанӣ ва ашхоси ба онҳо баробар тадбирҳои зарурӣ андешанд.

5. Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳои вилоят:

- ба муносибати таҷлили Рӯзи Fалаба дар Ҷанги Бузурги Ватании солҳои 1941-1945 нақшаи мукаммали чорабиниҳои ҷашниро таҳия ва тасдиқ намоянд;

- дар доираи ҳафтаи «Поси хотир» ёдгориҳои шаҳидони ҷангро таъмиру тармим, маросимҳои ёдбуди шаҳидони ҷангро баргузор намуда, аз ҳисоби афсарон ва хонандагони мактабҳо дар пояи муҷассамаю ёдгориҳо посбонҳои фахрӣ ташкил намоянд;

- ташкили мулоқоту вохӯрӣ, мизҳои мудаввар, чорабиниҳои фарҳангиву сиёсиро баҳри тарғибу ташвиқи ҳаёту қаҳрамониҳои иштирокчиён ва маъюбони Ҷанги Бузурги Ватанӣ бо иштироки доираи васеи аҳолӣ ташкил намоянд.

6. Шӯъбаи иттилоотию таҳлилии дастгоҳи Раиси вилоят, идораи телевизион ва радиои вилоят, рӯзномаҳои вилоятии «ҳақиқати Суғд», «Согдийская правда», «Суғд ҳақиқати» оид ба корнамоӣ ва қаҳрамониҳои халқи тоҷик дар набардҳои Ҷанги Бузурги Ватании солҳои 1941-1945 маводу мақолаҳо ва барномаҳои ҷолибро таҳия ва инъикос намоянд.

7. Назорати иҷрои қарори мазкур ба зиммаи муовини якуми Раиси вилоят Раҳматзода Р.М. гузошта шавад.