Қарори Раиси вилояти Суғд аз 28 апрели соли 2016 № 198

Дар бораи чорабиниҳои «20 рӯзи ҷавонӣ» ва таҷлили Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон дар вилояти Суғд таҳти унвони «Ҷавонон – пайрави Пешвои миллат ва муҳофизони дастовардҳои 25 соли Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон!»

Мутобиқи модаҳои 19 ва 20 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ», моддаи 11 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҷавонон ва сиёсати давлатии ҷавонон», бо мақсади дар сатҳи баланди сиёсиву фарҳангӣ, оммавию варзишӣ, тарбиявию ахлоқӣ таҷлил намудани Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон дар вилояти Суғд  қарор  мекунам:

1. Санаи 23 майи соли 2016 Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон дар вилояти Суғд таҳти унвони «Ҷавонон – пайрави Пешвои миллат ва муҳофизони дастовардҳои 25 соли Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон!» таҷлил карда шавад.

2. Ҳайати кумитаи тадорукот ва нақшаи чорабиниҳо бахшида ба Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон дар вилояти Суғд тасдиқ карда шаванд.

3. Шӯъбаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа, иттилоотию таҳлилии дастгоҳи Раиси вилоят якҷоя бо раёсатҳои ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ, маориф, фарҳанг, кор бо занон ва оилаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят силсилаи чорабиниҳоро бахшида ба Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон дар вилоят ба роҳ монанд.

4. Раисони шаҳру ноҳияҳои вилоят ҷиҳати дар сатҳи баланди сиёсию фарҳангӣ ва ташкилӣ таҷлил намудани Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон таҳти унвони «Ҷавонон – пайрави Пешвои миллат ва муҳофизони дастовардҳои 25 соли Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон!» дар сатҳи шаҳру ноҳияҳо ва мақомоти худидоракунии шаҳраку деҳот чорабиниҳои мухталифро байни ҷавонону наврасон амалӣ намоянд.

5. Идораи телевизион ва радиои вилоят, рӯзномаҳои вилоятии «Ҳақиқати Суғд», «Согдийская Правда», «Суғд Ҳақиқатӣ», муассисаи давлатии маҷаллаи «Паёми Суғд» барои инъикоси ҳамаҷонибаи чорабиниҳо ва ҷараёни корҳои омодагӣ ба таҷлили Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон дар вилоят силсилаи барномаҳо таҳия ва пахш намоянд, маводҳои ҷолиб дарҷ кунанд.

6. Ба Раёсати ҷавонон, варзиш ва сайёҳии вилоят супорида шавад, ки хароҷоти вобаста ба баргузории чорабиниҳоро аз ҳисоби маблағҳои ба ин мақсад пешбинигардидаи нақшаи чорабиниҳои рушди иҷтимоии ҷавонон дар вилояти Суғд барои солҳои 2016-2018 барои соли 2016 амалӣ намояд.

7. Ба Раёсати фарҳанги вилоят супорида шавад, ки маблағгузории вобаста ба гузаронидани чорабинии ҷамъбастии фарҳангӣ, барномаи театрикунонидаю консерти идонаро тибқи харҷнома аз ҳисоби маблағҳои барои соли 2016 пешбинишуда таъмин намояд.

8. Назорати иҷрои қарори мазкур ба зиммаи муовини Раиси вилоят Fаффорӣ Н.А. гузошта шавад.