Қарори Раиси вилояти Суғд аз 6 майи соли 2016 № 205

Дар бораи таӣлили Рӯзи байналмилалии оила

Мутобиқи моддаҳои 19 ва 20 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ», қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 декабри соли 2015, №801 «Дар бораи Консепсияи рушди оила дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва қарори Раиси вилоят аз 2 феврали соли 2016, №118 «Дар бораи татбиқи қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 декабри соли 2015, №801 «Дар бораи Консепсияи рушди оила дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» бо мақсади тарғибу ташвиқи оилаи солим, маърифати одоби оиладорӣ, устувории оилаҳои ҷавон қарор мекунам:

1. Санаи 15 майи соли 2016 Рӯзи байналмилалии оила дар қаламрави вилоят ботантана таҷлил карда шавад.

2. Ҳайати кумитаи тадорукот ва нақшаи чорабиниҳои таҷлили Рӯзи байналмилалии оила тасдиқ карда шаванд.

3. Шӯъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи дастгоҳи Раиси вилоят, Раёсатҳои кор бо занон ва оила, асноди ҳолати шаҳрвандӣ, маориф, ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ, тандурус-тӣ ва фарҳанги вилоят тарғиб ва ташвиқи танзими оила, солимии модару кӯдак, устувории оилаҳои ҷавон ва ташкили чорабиниҳои оммавию фарҳангиро бо оилаҳо таъмин намоянд.

4. Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳои вилоят барои дар сатҳи баланд баргузор намудани Рӯзи байналмилалии оила тадбирҳои зарурӣ андешанд.

5. Ба дастгоҳи Раиси вилоят супорида шавад, ки пардохти маблағгузории гузаронидани чорабинии номбурда аз ҳисоби маблағҳои ба дастгоҳи Раиси вилоят дар соли 2016 пешбинигардида мувофиқи замимаи 3 амалӣ намуда, истифодабарии мақсадноки маблағҳои ҷудогардидаро таъмин намояд.

6. Шӯъбаи иттилоотию таҳлилии дастгоҳи Раиси вилоят, Идораи телевизион ва радиои вилоят, муассисаҳои давлатии рӯзномаҳои «Ҳақиқати Суғд», «Согдийская Правда», «Суғд Ҳақиқати» ва маҷаллаи «Ноҳид» аз ҳаёти оилаҳои намунавию соҳибтаҷриба ва ҷараёни таҷлили Рӯзи байналмилалии оила маводҳо нашр ва барномаҳои ҷолиб таҳия намоянд.

7. Назорати иҷрои қарори мазкур ба зиммаи муовини Раиси вилоят Ғаффорӣ Н.А. гузошта шавад.