Қарори Раиси вилояти Суғд аз 11 майи соли 2016 № 214

Дар бораи баргузории роҳпаймоии ҷавонони вилоят бахшида ба Раъйпурсии умумихалқӣ оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти унвони «Ҷавонон - ҷонибдори рушди босуботи кишвар»

Мутобиқи моддаҳои 19 ва 20 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ», моддаҳои 13 ва 14 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи маҷлисҳо, гирдиҳамоиҳо, намоишҳо ва роҳпаймоиҳо», моддаи 11 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикис-тон «Дар бораи ҷавонон ва сиёсати давлатии ҷавонон» ва дархости филиали Иттифоқи ҷавонони Тоҷикистон дар вилояти Суғд аз 6 майи соли 2016, №7 дар бораи баргузории роҳпаймоии ҷавонони вилоят таҳти унвони «Ҷавонон - ҷонибдори рушди босуботи кишвар» қарор мекунам:

1. Ба филиали Иттифоқи ҷавонони Тоҷикистон дар вилояти Суғд барои гузаронидани роҳпаймоӣ таҳти унвони «Ҷавонон - ҷонибдори рушди босуботи кишвар» санаи 13 майи соли 2016 аз соати 9:00 то соати 11:00 дар шаҳри Хуҷанд иҷозат дода шавад.

2. Шӯъбаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа, маъмурию ҳуқуқӣ, иттилоотию таҳлилии дастгоҳи Раиси вилоят, Раёсатҳои ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ, маориф ва фарҳанг ҷиҳати дар сатҳи баланди ташкилӣ баргузор намудани чорабинии мазкур чораҳои зарурӣ андешанд.

3. Идораи телевизион ва радиои вилоят, рӯзномаҳои вилоятии «Ҳақиқати Суғд», «Согдийская правда», «Суғд Ҳақиқати» барои инъикоси ҳамаҷонибаи чорабинӣ силсилаи барномаҳоро таҳия ва пахш намоянд.

4. Назорати иҷрои қарори мазкур ба зиммаи муовини Раиси вилоят Ғаффорӣ Н.А. гузошта шавад.