Қарори Раиси вилояти Суғд аз 17 июни соли 2016 № 300

Дар бораи Барномаи вилоятии мубориза бар зидди ҷинояткорӣ барои солҳои 2016-2017

Мутобиқи моддаҳои 19 ва 20 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ», иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, мўҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва бо мақсади таҳкими тартиботи ҳуқуқӣ, пурзўр намудани мубориза бар зидди ҷинояткорӣ, таъмини амнияти шаҳрвандон ва ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои онҳо дар ҳудуди вилоят, қарор мекунам:

1. Барномаи вилоятии мубориза бар зидди ҷинояткорӣ барои солҳои 2016-2017 ва Нақшаи чорабиниҳои он тасдиқ карда шаванд.

2. Шўъбаву бахшҳои дастгоҳи Раиси вилоят, Раёсату кумитаҳо ва воҳидҳои сохтори дахлдори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят, мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, ва сохторҳои низомӣ, Бонки миллӣ, уламои дин, зиёиён, олимон, Раёсати иҷрои ҷазои ҷиноятии Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд ва аҳли ҷамоатчигӣ вазифадор карда шаванд, ки ҳамкориро байни худ зич ба роҳ монда, ҷиҳати таъмин ва самаранокии пурзўргардонии мубориза бар зидди ҷинояткорӣ бо иштироки ҳамаи субъектҳои давлатӣ ва аҳли ҷомеа, беҳтар намудани низоми мубориза бо онҳо, муҳофизати воқеии ҳуқуқ ва озодиҳои инсон, инчунин ошкор ва бартараф намудани сабабу шароитҳое, ки ба пайдоиш ва густариши ҷиноят мусоидат менамоянд, тадбирҳои зарурӣ андешида, кўмаки амалӣ расонанд.

3. Ба раисони шаҳру ноҳияҳои вилоят супорида шавад, ки ҷиҳати иҷрои Барномаи вилоятии мубориза бар зидди ҷинояткорӣ барои солҳои 2016-2017 ва Нақшаи чорабиниҳои он чораҳои дахлдор андешида, таъмини танзими ҳуқуқии ҳамаҷонибаи фаъолият оид ба мубориза бар зидди ҷиноят, таҳлили системавии ҷараёнҳои дар муҳити ҷинояткорӣ рўйдиҳанда, инчунин рушд ва таҳкими ҳам-кориро дар самти паст намудани сатҳи содиршавии ҷиноят дар   маҳалҳо пурзўр намоянд.

4. Ба масъулон супориш дода шавад, ки иҷрои саривақтӣ ва босифати нақшаи чорабиниҳои Барномаи мазкурро таъмин намуда, аз рафти иҷрои он ҳар нимсола ба унвони Раиси вилоят маълумоти муфассал пешниҳод намоянд.

5. Қарори мазкур барои тасдиқ ба иҷлосияи навбатии Маҷлиси вакилони халқи вилоят пешниҳод карда шавад.

6. Назорати иҷрои қарори мазкур ба зиммаи муовини якуми Раиси вилоят Раҳматзода P.M., муовинони Раиси вилоят Анвар Яъқубӣ ва Fаффорӣ Н.А. гузошта шавад.