Қарори Раиси вилояти Суғд аз 29 июни соли 2016 № 317

Дар бораи таҷлили Рӯзи маъюбон

Мутобиқи моддаҳои 19 ва 20 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ», моддаи 8 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳифзи иҷтимоии маъюбон» бо мақсади ҳифзи иҷтимоию маънавии маъюбон ва бо назардошти дархости шӯъбаи Агентии давлатии ҳифзи иҷтимоии аҳолии вилоят аз 17 июни соли 2016, № 331, қарор мекунам:

1. Санаи 8 июли соли 2016 дар қаламрави вилоят Рӯзи маъюбон ботантана ҷашн гирифта шавад.

2. Ҳайати кумитаи тадорукот, нақшаи чорабиниҳо ва харҷномаи таҷлили Рӯзи маъюбон тасдиқ карда шавад.

3. Шӯъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи дастгоҳи Раиси вилоят дар якҷоягӣ бо Раёсати фарҳанги вилоят ҷиҳати ташкили чорабиниҳои оммавию фарҳангӣ тадбирҳои мушаххас андешанд.

4. Раисони шаҳру ноҳияҳои вилоят, роҳбарони идораву корхонаҳо ва ташкилоту муассисаҳо сарфи назар аз шакли моликият ва фаъолияти хоҷагидориашон бо истифодаи имкониятҳои мавҷуда маъюбонро бо ғамхории ҳамаҷонибаи моддӣ ва маънавӣ фаро гиранд.

5. Шӯъбаи Агентии давлатии ҳифзи иҷтимоии аҳолии вилоят бо мақсади ҳамоҳангсозии чорабиниҳои  аёдати маъюбон, дастгирии моддии онҳо, ташкили дастурхонҳои хайрия дар хона - интернатҳо ва марказҳо барои маъюбон ва пиронсолони шаҳру ноҳияҳои вилоят тадбирҳои зарурӣ андешида, аз ҳисоби маблағҳои ба ин мақсад пешбинишудаи шӯъба дар соли 2016 барои гузаронидани чорабинии мазкур маблағҳои заруриро тибқи замимаи 3 ҷудо намояд.

6. Шӯъбаи иттилоотию таҳлилии дастгоҳи Раиси вилоят, идораи телевизион ва радиои вилоят, рӯзномаҳои вилоятии «Ҳақиқати Суғд», «Согдийская правда», «Суғд ҳақиқати» роҷеъ ба ҳаёт ва фаъолияти меҳнатии маъюбон мақолаҳо нашр ва барномаҳо таҳия намоянд.

7. Назорати иҷрои қарори мазкур ба зиммаи муовини Раиси вилоят Fаффорӣ Н.А. гузошта шавад.