Қарори Раиси вилояти Суғд аз 29 июни соли 2016, № 318

Дар бораи даъвати Иҷлосияи ҳафтуми Маҷлиси вакилони халқи вилояти Суғд, даъвати панҷум

Мутобиқи моддаҳои 12, 20 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақомоти маҳаллии  ҳокимияти давлатӣ», қарор мекунам:

1. Иҷлосияи ҳафтуми Маҷлиси вакилони халқи вилояти Суғд, даъвати панҷум 13 июли соли 2016, соати 9:00 дар шаҳри Хуҷанд даъват карда шавад.

2. Ба баррасии Иҷлосияи ҳафтуми Маҷлиси вакилони халқи вилоят, даъвати панҷум масъалаҳои зерин пешниҳод карда шаванд:

- дар бораи тасдиқ намудани ваколати вакилии вакилони Маҷлиси вакилони халқи вилояти Суғд, даъвати панҷум, ба ивази вакилони хориҷшуда аз ҳавзаҳои интихоботии «Сирдарё», №. 1, «Лоиқ Шералӣ», № 25, «Иттифоқ», № 57, «Ҳайдар Усмонов», № 66 ва «Fозиён», № 68;

- оид ба рафти иҷрои қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 июни соли 2014, № 375 «Дар бораи рушди қолинбофии дастӣ ва дигар ҳунарҳои мардумӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон»;

- ҳисоботи комиссияи доимии Маҷлиси вакилони халқи вилояти Суғд оид ба масъалаҳои сохтмон, саноат, нақлиёту алоқа, хоҷагии роҳ ва хоҷагии рифоҳӣ;

- ҳисоботи вакили Маҷлиси вакилони халқи вилоят аз ҳавзаи интихоботии «Раҷаб Ҳамробоев», № 21 Юнусов Сарфароз Абдуфаттоевич оид ба рафти иҷрои ваколати вакилӣ;

- дар бораи пеш аз мўҳлат қатъ намудани ваколати вакилии вакилони Маҷлиси вакилони халқи вилоят дар ҳавзаи интихоботии алоҳида;

-дар бораи таъин намудани интихобот ба ивази вакили хориҷшудаи Маҷлиси вакилони халқи вилоят;

-дар бораи ташкили комиссияи вилоятии интихобот ба Маҷлиси вакилони халқи вилояти Суғд, даъвати          панҷум;

- дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба ҳайати комиссияҳои доимии Маҷлиси вакилони халқи  вилояти Суғд, даъвати панҷум;

- оид ба номгузории объектҳои физикию ҷуғрофӣ;

- дар бораи тасдиқи қарорҳои Раиси вилоят.

2. Назорати иҷрои қарори мазкур ба зиммаи муовини Раиси вилоят Анвар Яъқубӣ ва роҳбари дастгоҳи Раиси вилоят Зоирӣ F.M. гузошта шавад.