Қарори Раиси вилояти Суғд аз 11 июли соли 2016, № 330

Дар бораи тайёр намудани мутахассисон барои Қувваҳои  Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар муассисаҳои таълимии Кумитаи вилоятии Ташкилоти ҷамъиятии мададгори мудофиаи Суғд барои солҳои таҳсили 2016-2017

Мутобиқи моддаҳои 19 ва 20 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ», моддаҳои 10 ва 14 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ўҳдадории умумии ҳарбӣ ва хизмати ҳарбӣ», моддаи 51 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ», бо мақсади вусъати чорабиниҳои ҳарбию ватандўстӣ ва мудофиавӣ, баланд бардоштани сифати таълим ва тарбияи мутахассисон дар муассисаҳои таълимии Кумитаи вилоятии Ташкилоти ҷамъиятии мададгори мудофиаи Суғд, қарор мекунам:

1. Нақшаи чорабиниҳои асосии тайёр намудани мутахассисон барои Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар муассисаҳои таълимии Кумитаи вилоятии Ташкилоти ҷамъиятии мададгори мудофиаи Суғд барои солҳои таҳсили 2016-2017 тибқи замима тасдиқ карда шавад.

2. Комиссариати ҳарбии вилоят ва Кумитаи вилоятии Ташкилоти ҷамъиятии мададгори мудофиаи Суғд дар ҳамкорӣ бо мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳои вилоят, мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот ҷиҳати беҳтар намудани сифати интихоб ва тайёр намудани ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ дар муассисаҳои таълимии Кумитаи вилоятии Ташкилоти ҷамъиятии мададгори мудофиаи Суғд тадбирҳои зарурӣ андешанд.

3. Роҳбарони корхона ва ташкилоту муассисаҳои шаҳру ноҳияҳои вилоят, сарфи назар аз шакли моликият ва   фаъолияти хоҷагидориашон, ба Кумитаи вилоятии Ташкилоти ҷамъиятии мададгори мудофиаи Суғд ҷиҳати сафарбар намудани даъватшавандагони интихобшуда барои таҳсил, ки бо онҳо дар муносибатҳои меҳнатӣ қарор доранд, мусоидат намоянд.

4. Комиссариати ҳарбии вилоят ва Кумитаи вилоятии Ташкилоти ҷамъиятии мададгори мудофиаи Суғд дар якҷоягӣ бо Раёсати ҷавонон, варзиш ва сайёҳии вилоят, ташкилотҳои дахлдор оид ба гирифтани ихтисоси ҳарбӣ аз тарафи ҷавонони даъватшаванда ва беҳтар намудани сифати интихоби даъватшавандагон ба таълимгоҳҳои ташкилоти мазкур чорабиниҳои ташвиқотиро амалӣ намоянд.

5. Идораи телевизион ва радиои вилоят,  рўзномаҳои вилоятии «Ҳақиқати Суғд», «Согдийская правда», «Суғд ҳақиқати» доир ба баргузории чорабиниҳои муассисаҳои таълимии Кумитаи вилоятии Ташкилоти ҷамъиятии мададгори мудофиаи Суғд дар бораи тайёр намудани ҷавонон барои Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон маводҳо таҳия ва нашр намоянд.

6. Қарори Раиси вилояти Суғд аз 21 июли соли 2015, №330 «Дар бораи тайёр намудани мутахассисон барои Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар муассисаҳои таълимии Кумитаи вилоятии Ташкилоти мададгори мудофиаи Суғд барои солҳои таҳсили 2015-2016» аз эътибор соқит дониста шавад.

7. Назорати иҷрои қарори мазкур ба зиммаи муовини якуми Раиси вилоят Раҳматзода Р.М. гузошта шавад.