Қарори Раиси вилояти Суғд аз 9 августи соли 2016 № 388

Дар бораи муташаккилона гузаронидани маъракаи қабули обуна ба рӯзномаю маҷаллаҳои ҷумҳуриявӣ, вилоятӣ, соҳавӣ ва маҳаллӣ барои соли 2017

Мутобиқи моддаҳои 19 ва 20 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ», бо мақсади баланд бардоштани нақши матбуоти даврӣ дар ҳаёти ҷамъиятию сиёсӣ, таъмини фазои иттилоотӣ ва ташвиқу тарғиби васеи сиёсати дохиливу хориҷии давлат ва ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, қарор мекунам:

1. Моҳҳои август - декабри соли 2016 дар шаҳру ноҳияҳои вилоят маъракаи қабули обуна ба рӯзномаю маҷаллаҳои ҷумҳуриявӣ, вилоятӣ ва маҳаллӣ барои соли 2017 муташаккилона ба роҳ монда шавад.

2. Ҳайати Ситоди вилоятии «Обуна - 2017» ва рӯйхати сохторҳои масъули обуна ба рӯзномаву маҷаллаҳои ҷумҳуриявӣ ва вилоятӣ тасдиқ карда шавад.

3. Раисони шаҳру ноҳияҳои вилоят:

-ситодҳои шаҳрию ноҳиявии «Обуна - 2017» - ро таъсис дода, ба фаъолияти мутасаддиёни маъракаи обуна шароити мусоид фароҳам оваранд;

-обунаи шахсӣ, дастаҷамъона ва идоравиро дар ҳамаи корхона, муассиса ва ташкилотҳо сарфи назар аз шакли моликият, тобеияти идоравӣ ва фаъолияти хоҷагидориашон васеъ ба роҳ монда, барои дар соли 2017 зиёд намудани шумораи муштариёни рӯзномаю маҷаллаҳо тадбирҳои мушаххас андешанд;

-дар доираи санадҳои қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон обунаи сохторҳои соҳаи маориф ва илм, китобхонаву муассисаҳои фарҳангӣ, тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоӣ, марказҳои ҷавонон, мактаб – парваришгоҳҳо, марказҳои солимгардонии калонсолон, қисмҳои ҳарбӣ, дидбонгоҳҳои сарҳадӣ, бошишгоҳҳои саҳроиихоҷагиҳои деҳқониро бо матбуоти даврӣ дар якҷоягӣ бо ташкилоту идораҳои дахлдор ҳаллу фасл намоянд.

4. Шӯъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа, иттилоотию таҳилии дастгоҳи Раиси вилоят, муассисаи фаръии корхонаи воҳиди давлатии «Почтаи тоҷик» ва Ҷамъияти дорои масъулияташ маҳдуди «Тоҷикматбуот» дар вилояти Суғд якҷоя бо роҳбарияти рӯзномаҳои вилоятӣ, нашрияҳои соҳавӣ, мухбирони махсуси дар вилоят будаи рӯзномаю маҷаллаҳои ҷумҳуриявӣ барои муташаккилона гузаронидани маъракаи «Обуна - 2017» тадбирҳо андешанд.

5. Роҳбарони  шӯъбаю бахшҳо, идораю раёсат ва дигар воҳидҳои сохтории мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят рафти маъракаи обуна ба рӯзномаю маҷаллаҳоро зери назорати бевоситаи худ гиранд.

6. Сармуҳаррирони рӯзномаҳои вилоятии «Ҳақиқати Суғд», «Согдийская правда», «Суғд ҳақиқати», муассисаи давлатии маҷаллаи «Паёми Суғд» ва мухбирони дар вилоят будаи нашрияҳои ҷумҳуриявӣбаҳри ба табъу завқи хонандагон мувофиқ намудани маводи чопии нашрияҳо ва тарғиби маъракаи обунаи соли 2017 чораҷӯӣ намоянд.

7. Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳои вилоят, роҳбарони шӯъбаю идораҳо, кумитаҳо ва дигар сохторҳои марбута оид ба рафти иҷрои қарори мазкур ҳар 20 - рӯза ба унвони Ситоди вилоятии «Обуна - 2017» маълумоти хаттӣ ирсол намоянд.

8. Қарори Раиси вилоят аз санаи 31 июли соли 2015, № 350 «Дар бораи муташаккилона гузаронидани маъракаи қабули обуна ба рӯзномаю маҷаллаҳои ҷумҳуриявӣ, вилоятӣ, соҳавӣ ва маҳаллӣ барои соли 2016» аз эътибор соқит дониста шавад.

9. Назорати иҷрои қарори мазкур ба зиммаи муовини якуми Раиси вилоят Раҳматзода Р.М. гузошта шавад.