Қарори Раиси вилояти Суғд аз 15 августи соли 2016, № 389

Дар бораи натиҷаҳои тарбияи ҳарбӣ-ватандўстӣ, тайёрии тодаъватии ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ дар соли таҳсили 2015 - 2016 ва вазифаҳои минбаъда барои соли таҳсили 2016-2017

Мутобиқи моддаҳои 19 ва 20 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ», моддаҳои 10, 15 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ўҳдадории умумии ҳарбӣ ва хизмати ҳарбӣ» ва бо мақсади беҳтар намудани чорабиниҳои ҳарбӣ- ватандўстии ҷавонони синни тодаъватӣ дар вилоят, қарор мекунам:

1. Нақшаи чорабиниҳои асосии тайёрии тодаъватии ҷавонони вилояти Суғд барои соли таҳсили 2016 - 2017 тибқи замима тасдиқ карда шавад.

2. Раёсати маорифи вилоят дар ҳамкорӣ бо мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳои вилоят, комиссариати ҳарбии вилоят, Кумитаи вилоятии Ташкилоти ҷамъиятии мададгори мудофиаи Суғд ва Раёсати кор бо ҷавонон, варзиш ва сайёҳии вилоят ҷиҳати беҳтар намудани тарбияи ҳарбӣ - ватандўстии ҷавонон чораҳои дахлдор андешида, моҳе як маротиба бо иштироки роҳбарони гурўҳҳои омодагии дифои ҳарбӣ, тиббӣ - санитарии муассисаҳои таҳсилоти умумӣ ва омўзишгоҳҳои касбӣ - техникӣ машғулиятҳои дастурӣ - методии якрўза гузаронанд.

3. Барои ҷиҳозонидани синфхонаҳои омодагии дифои ҳарбӣ бо маводи таълимӣ, инчунин дар интихоб ва ҷобаҷогузории омўзгорони фанни таълими ибтидоии ҳарбии мактабҳо тадбирҳои зарурӣ андешанд.

4. Идораи телевизион ва радиои вилоят, рўзномаҳои вилоятии «Ҳақиқати Суғд», «Согдийская правда», «Суғд ҳақиқати» ҷиҳати тарғиби ғояҳои ватандўстӣ, мазмуну мўҳтавои ватанпарварӣ ва омодагӣ ба ҳимояи он, ҷалби ҷомеаи шаҳрвандӣ ва тарбияи ҳарбӣ - ватандўстии ҷавонон чораҳои дахлдор андешида, барномаҳо таҳия ва мавод чоп намоянд.

5. Қарори Раиси вилояти Суғд аз 7 августи соли 2015, №361 «Дар бораи натиҷаҳои тарбияи ҳарбӣ - ватандўстӣ, тайёрии тодаъватии  ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ дар соли таҳсили 2014 - 2015 ва вазифаҳои минбаъда барои соли таҳсили 2015 - 2016» аз эътибор соқит дониста шавад.

6. Назорати иҷрои қарори мазкур ба зиммаи муовини якуми Раиси вилоят Раҳматзода Р.М. гузошта шавад.