Қарори Раиси вилояти Суғд аз 23 августи соли 2016 № 393

Дар бораи аз муоинаи тиббӣ гузаронидани наврасони соли таваллудашон 2002-2003 ва байни онҳо баргузор намудани чорабиниҳои табобатию тандурустӣ

Мутобиқи моддаҳои 19 ва 20 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ», моддаи 12 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ӯҳдадории умумии ҳарбӣ ва хизмати ҳарбӣ», Низомномаи тартиби ба хизмати ҳарбӣ тайёр кардани шаҳрвандон, ки бо қарори ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 4 феврали соли 1999, № 32 тасдиқ шудааст ва бо мақсади муоинаи тиббӣ ва гузаронидани чорабиниҳои табобатию солимгардонии наврасони соли таваллудашон 2002 ва 2003, қарор мекунам:

1. Моҳҳои сентябр - октябри соли 2016 дар шаҳру ноҳияҳои вилоят байни наврасони соли таваллудашон 2002 ва 2003 муоинаи тиббӣ ва чорабиниҳои табобатию солимгардонӣ гузаронида шаванд.

2. Ба Раёсатҳои тандурустӣ ва маорифи вилоят супорида шавад, ки дар ҳамкорӣ бо комиссариатҳои ҳарбии вилоят ва шаҳру ноҳияҳо нақшаи гузаронидани муоинаи тиббии диспансерии наврасони соли таваллудашон 2002 ва 2003 - ро таъмин намуда, дар ҳолатҳои зарурӣ якҷоя бо комиссариатҳои ҳарбӣ корҳои табобатию солимгардониро амалӣ намоянд.

3. Ба раисони шаҳру ноҳияҳои вилоят супорида шавад, ки барои пурра фаро гирифтани муоинаи тиббии наврасони соли таваллудашон 2002 ва 2003 тадбирҳои зарурӣ андешанд.

4. Комиссариати ҳарбии вилоят аз натиҷаи гузаронидани муоинаи тиббӣ ва чорабиниҳои табобатию солимгардонии наврасони соли таваллудашон 2002 ва 2003 ба мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят то 5 ноябри соли 2016 маълумоти муфассал пешниҳод намояд.

5. Назорати иҷрои қарори мазкур ба зиммаи муовини якуми Раиси вилоят Раҳматзода Р.М. гузошта шавад.