Қарори Раиси вилояти Суғд аз 13 сентябри соли 2016, № 421
- Details
- Published on Thursday, 22 September 2016 11:42
Дар бораи тасдиқ намудани Барномаи дохилиидоравӣ оид ба татбиқи Стратегияи муқовимат ба коррупсия дар ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2016-2017 дар вилоят
Мутобиқи моддаҳои 19 ва 20 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ» бо мақсади таъмини иҷрои Стратегияи муқовимат ба коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2013-2020, қарор мекунам:
1. Барномаи дохилиидоравии Стратегияи муқовимат ба коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2016-2017 дар вилоят тасдиқ карда шавад.
2. Шўъбаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа, маъмурию ҳуқуқӣ, иттилоотию таҳлилии дастгоҳи Раиси вилоят, Раёсатҳои ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ, маориф ва фарҳанг, комиссияи ҷамъиятӣ, ташкилоту идораҳои вилоят ҷиҳати иҷрои барномаи мазкур тибқи нақшаи алоҳида чораҳои зарурӣ андешанд.
3. Масъулон доир ба рафти иҷрои Барномаи дохилиидоравии Стратегияи муқовимат ба коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2016-2017 дар вилоят ҳар шаш моҳ ба Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят маълумоти хаттӣ пешниҳод намоянд.
4. Назорати иҷрои қарори мазкур ба зиммаи муовини якуми Раиси вилоят Раҳматзода Р.М. гузошта шавад.