Қарори Раиси вилояти Суғд аз 15 сентябри соли 2016, № 422

Дар бораи даъвати шаҳрвандони солҳои таваллуди 1989 – 1998 ба хизмати ҳарбӣ дар моҳҳои октябр – ноябри  соли 2016

Мутобиқи моддаҳои 19 ва 20 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ» ва Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 сентябри соли 2016, № 751 «Дар бораи ба эҳтиёт рухсат додани хизматчиёни ҳарбие, ки мўҳлати муқарраргардидаи хизмати ҳарбиро адо намудаанд ва даъвати навбатии шаҳрвандони солҳои таваллуди 1989 – 1998»,  қарор мекунам:

1. Моҳҳои октябр - ноябри соли 2016 дар вилоят даъвати шаҳрвандони ҷинси мард, ки то рўзи даъват ба синни 18–солагӣ мерасанд, инчунин шаҳрвандони синну солашон калон, ки ҳуқуқи ба таъхир андохтани мўҳлати даъват ё озод будан аз даъват ба хизмати ҳарбиро надоранд, барои хизмат ба сафҳои Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон даъват карда шаванд.

2. Барои роҳбарӣ, назорат ва ташкили фаъолияти комиссияҳои даъватии шаҳру ноҳияҳо комиссияи даъватии вилоятӣ таъсис дода шавад.

3. Комиссариатҳои ҳарбии шаҳру ноҳияҳои вилоят вазифадор карда шаванд, ки рўйхати даъватшавандагони аз хизмати ҳарбӣ саркашинамударо тартиб дода, барои кофтукоб ва ба комиссияи даъватии шаҳру ноҳияҳо ҳозир намудани онҳо ба шўъбаҳои Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳру ноҳияҳо  ва дар мавриди зарурӣ барои андешидани чораҳо  ба прокуратураҳои маҳаллӣ пешниҳод намоянд.    

4. Раёсати Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилоят вазифадор карда шавад:

- Ба комиссариатҳои ҳарбии шаҳру ноҳияҳои вилоят, тибқи тартиби муқарраршуда, ёрии амалӣ расонида, нисбати шахсоне, ки аз даъват ба хизмати ҳарбӣ саркашӣ мекунанд, мувофиқи дархости хаттии комиссариатҳои ҳарбӣ чорабиниҳои кофтукобӣ гузаронида, барои боздошт ва ба нуқтаҳои даъватӣ ҳозир намудани онҳо тадбирҳои мушаххас андешанд;

- Барои таъмини тартиботи ҷамъиятӣ дар нуқтаи ҷамъшавии вилоятӣ ва атрофи он, инчунин бо мақсади муташаккилона ҷамъ овардани даъватшавандагон ба истгоҳи роҳи оҳани шаҳраки Ғафуров ва ҷамъияти саҳҳомии пўшидаи «Фурудгоҳи байналмилалии Хуҷанд» шумораи муайяни кормандони милисаро сафарбар намояд;

- Барои гусели даъватшавандагон ба ҷойҳои таъиншуда, тибқи дархости комиссариати ҳарбии вилоят, дар рўзи гусел нақлиёти махсус ва кормандони хадамоти бозрасии давлатии автомобилиро сафарбар намояд.

5. Ба Сарраёсати молияи вилояти Суғд супориш дода шавад, ки тибқи дархости комиссариати ҳарбии вилоят аз ҳисоби маблағҳои ба ин мақсад барои соли 2016 пешбинишуда маблағи заруриро сари вақт ҷудо намояд

6. Раёсати тандурустии вилоят:

- Шумораи зарурии табибон – мутахассисон ва таҷҳизоти тиббиро барои гузаронидани муоинаи тиббӣ ва азназаргузаронии даъватшудагон дар комиссариатҳои ҳарбии шаҳру ноҳияҳои вилоят таъмин намояд.

Бинобар нарасидани табибон – мутахассисон дар ҳайати комиссияҳои даъватии шаҳру ноҳияҳои вилоят табибон – мутахассисони зеринро сафарбар намояд: 

а) барои комиссияи даъватии ноҳияи Кўҳистони Мастчоҳ – табиби гўшу гулуву бинӣ, табиби рўҳшинос, табиби касалиҳои чашм, табиби бемориҳои пўсту таносул ва табиби бемории асаб.

б) барои комиссияи даъватии ноҳияи Шаҳристон – табиби гўшу гулуву бинӣ, рўҳшинос.

в) барои комиссияи даъватии шаҳри Истиқлол – табиби пўсту таносул.

г) барои комиссияи даъватии шаҳри Гулистон – табиби бемориҳои пўсту таносул, табиби бемориҳои асаб, табиби силшинос, табиби рўҳшинос ва духтури калони комиссияи тиббӣ.

7. Дар асоси моддаи 23-юми Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ўҳдадории умумии ҳарбӣ ва хизмати ҳарбӣ» барои ташкил намудани даъвати шаҳрвандон ба хизмати ҳарбӣ раиси шаҳр ё ноҳия масъул аст ва ў бояд дар давраи даъвати шаҳрвандон ба хизмати ҳарбӣ чорабиниҳои зеринро ҳатман амалӣ намояд.

- раиси комиссияи даъватӣ (муовини раиси шаҳр ё ноҳия)  ҳайати комиссияи даъватӣ ва тиббиро дар давраи даъвати шаҳрвандон ба хизмати ҳарбӣ аз иҷрои ўҳдадориҳои асосии хизматӣ озод намуда, иштироки онҳоро дар ҷараёни фаъолияти комиссия пурра таъмин намояд;

- комиссариатҳои ҳарбиро бо нуқтаҳои муҷаҳҳазонидаи даъватӣ таъмин намояд;

- барои муташаккилона ба нуқтаҳои даъватии комиссариатҳои ҳарбии шаҳру ноҳияҳо расонидани даъватшудагон воситаҳои зарурии нақлиётро ҷудо намояд;

- нисбати шахсоне, ки оид ба иҷрои вазифаҳои хизматӣ дар ташкил ва гузаронидани даъвати тирамоҳии шаҳрвандон ба хизмати ҳарбӣ хунукназарӣ зоҳир мекунанд, тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон,  чораҳо андешад;

- барои ҳавасмандгардонӣ ва баланд бардоштани ҳисси ватандўстии ҷавонон онҳоро бо сарулибоси якхелаи варзишӣ ва тўҳфаҳои хотиравӣ таъмин намояд;   

- ба комиссариатҳои ҳарбӣ дар асоси сметаи хароҷот барои муташаккилона гузаронидани маъракаи даъвати тирамоҳӣ маблағҳои заруриро ҷудо намуда, гусели тантанавии даъватшудагонро бо иштироки собиқадорони ҷангу меҳнат, ҷанговар-интернатсионалистон ва муҳофизони сохти конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин оростани дастурхони идона, таъмин намояд.

8. Раёсати фарҳанги вилоят якҷо бо мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд ва ноҳияи Бобоҷон Ғафуров:

- барои дар сатҳи баланд ва муташаккилона гузаронидани гусели тантанавии даъватшавандагон чораҳои зарурӣ андешад.

9. Ба муассисаи давлатии «Идораи нақлиёти Хуҷанд» супурда шавад, ки комиссариати ҳарбии вилоятро аз рўи дархост барои кашонидани даъватшудагон аз нуқтаи ҷамъшавии даъватшавандагони комиссариати ҳарбии вилоят то истгоҳи роҳи оҳан, корхонаи воҳиди давлатии «Фурудгоҳи байналмилалии Хуҷанд» ва қисмҳои ҳарбии  ҳудуди вилояти Суғд бо нақлиёти мусофиркашон таъмин намояд.

10. Раёсати кор бо ҷавонон, варзиш ва сайёҳии вилоят, Идораи телевизион ва радиои вилоят, рўзномаҳои вилоятии «Ҳақиқати Суғд», «Суғд ҳақиқати», «Согдийская правда» ҷараёни даъвати тирамоҳӣ ва тарбияи ҳарбӣ–ватандўстии ҷавононро дар байни аҳолӣ васеъ тарғибу ташвиқ намоянд.

11. Қарори Раиси вилояти Суғд аз 18 марти соли 2016, №145  «Дар бораи даъвати шаҳрвандони солҳои таваллудашон 1989 - 1998 ба хизмати ҳарбӣ дар моҳҳои апрел-майи соли 2016» аз эътибор соқит дониста шавад.

12. Назорати иҷрои қарори мазкур ба зиммаи муовини якуми Раиси вилоят  Раҳматзода Р.М. гузошта шавад.