Қарори Раиси вилояти Суғд аз 10 октябри соли 2016, № 446

Дар бораи таҷлили Рўзи нобиноён

Мутобиқи моддаҳои 19 ва 20 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ», моддаи 8 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳифзи иҷтимоии маъюбон» ва бо мақсади ҳифзи иҷтимоию маънавии нобиноён, қарор мекунам:

1. Санаи 15 октябри соли 2016 дар қаламрави вилоят Рўзи нобиноён ҷашн гирифта шавад.

2. Ҳайати кумитаи тадорукот, нақшаи чорабиниҳо ва харҷномаи таҷлили Рўзи нобиноён тасдиқ карда шаванд.

3. Раисони шаҳру ноҳияҳои вилоят, роҳбарони корхонаҳо, ташкилоту муассисаҳо, сарфи назар аз шакли моликият ва фаъолияти хоҷагидориашон, бо истифодаи имкониятҳои мавҷуда нобиноёнро бо ғамхории ҳамаҷонибаи моддӣ ва маънавӣ фаро гиранд.

4. Шўъбаи Агентии давлатии ҳифзи иҷтимоии аҳолии вилоят бо мақсади ҳамоҳангсозии чорабиниҳо бахшида ба Рўзи нобиноён, аёдати маъюбони гурўҳи I аз рўи нобиноӣ ва дастгирии моддии онҳо тадбирҳои зарурӣ андешида, аз ҳисоби маблағҳои ба ин мақсад пешбинишудаи шўъба дар соли 2016-ум 295800 (ду саду наваду панҷ ҳазору ҳаштсад) сомонӣ ҷудо намояд.

5. Шўъбаи иттилоотию таҳлилии дастгоҳи Раиси вилоят, идораи телевизион ва радиои вилоят, рўзномаҳои вилоятии «Ҳақиқати Суғд», «Согдийская правда», «Суғд ҳақиқати» роҷеъ ба ҳаёт ва фаъолияти меҳнатии нобиноён мақолаҳо нашр ва барномаҳо таҳия намоянд.

6. Назорати иҷрои қарори мазкур ба зиммаи муовини Раиси вилоят Fаффорӣ Н.А. гузошта шавад.