Қарори Раиси вилояти Суғд аз 19 октябри соли 2016, № 452

Дар бораи таъмини иҷрои қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 27 июли соли 2016, №327 “Дар бораи тартиби амалӣ намудани маҷмўи тадбирҳо дар доираи механизми бозравонии қурбониёни савдои одамон”

Мутобиқи моддаҳои 19 ва 20 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ» бо мақсади таъмини иҷрои қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 27 июли соли 2016, №327 «Дар бораи тартиби амалӣ намудани маҷмўи тадбирҳо дар  доираи механизми бозравонии қурбониёни савдои одамон» қарор мекунам:

1. Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 27 июли соли 2016, №327 «Дар бораи тартиби амалӣ намудани маҷмўи тадбирҳо дар доираи механизми бозравонии қурбониёни савдои одамон» ба роҳбарӣ ва иҷро қабул карда шавад.

2. Раёсати кор бо занон ва оила, шўъбаҳои иттилоотию таҳлилӣ, оид ба корҳои дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят, раёсатҳои танду- рустӣ, маориф, фарҳанг, ҷавонон, варзиш ва сайёҳии вилоят, Хадамоти муҳоҷирати Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд, адлия, гумрук, Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилоят, Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилоят, Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилоят ва раисони шаҳру ноҳияҳо ҷиҳати иҷрои қарори мазкур чораҳои зарурӣ андешанд.

3. Ба роҳбарони раёсату шўъбаҳо ва сохторҳои дар банди 2-юми қарори мазкур зикргардида супориш дода шавад, ки дар ҳар шашмоҳа ба Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят дар бораи рафти таъмини иҷрои қарори номбурда ахборот пешниҳод намоянд.

4. Назорати иҷрои қарори мазкур ба зиммаи муовини Раиси вилоят Fаффорӣ Н.А. гузошта шавад.