Қарори Раиси вилояти Суғд аз 1 ноябри соли 2016, № 479

Дар бораи таъсис додани Муассисаи давлатии “Маркази эҳё ва рушди атласу адрасбофии дастӣ ва дигар ҳунарҳои халқӣ”

Мутобиқи моддаҳои 19 ва 20 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ», моддаҳои 52, 53 ва 132 Кодекси граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон, қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 июни соли 2014, № 375 «Дар бораи рушди қолинбофии дастӣ ва дигар ҳунарҳои мардумӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон», бо мақсади эҳё ва рушди ҳунарҳои халқӣ, инкишофи қобилияти зеҳнию эҷодӣ ва истеъдоди шаҳрвандон, қонеъ гардонидани хоҳиш, эҳтиёҷоти маънавӣ ва талаботи онҳо ба интихоб ва азбар кардани касб,  қарор мекунам:

1. Муассисаи давлатии «Маркази эҳё ва рушди атласу адрасбофии дастӣ ва дигар ҳунарҳои халқӣ» таъсис дода шавад.

2. Оиннома ва ҷадвали басти воҳиди кории Муассисаи давлатии «Маркази эҳё ва рушди атласу адрасбофии дастӣ ва дигар ҳунарҳои халқӣ» тасдиқ карда шаванд.

3. Директори Муассисаи давлатии «Маркази эҳё ва рушди атласу адрасбофии дастӣ ва дигар ҳунарҳои халқӣ» Ёқубов Муҳаммадҷон Алиевич таъин карда шуда, вазифадор карда шавад, ки тибқи тартиби муқарраршуда Оинномаи муассисаи мазкурро аз қайди давлатӣ гузаронад.

4. Сарраёсати молия дар вилоят ва Раёсати маорифи вилоят вазифадор карда шаванд, ки маблағгузории хароҷоти Муассисаи давлатии «Маркази эҳё ва рушди атласу адрасбофии дастӣ ва дигар ҳунарҳои халқӣ»-ро дар доираи маблағҳои барои соҳаи маориф пешбинишудаи буҷети вилоятӣ амалӣ намоянд.

5. Қарори мазкур барои тасдиқ ба иҷлосияи навбатии Маҷлиси вакилони халқи вилоят пешниҳод карда шавад.

6. Назорати иҷрои қарори мазкур ба зиммаи муовинони Раиси вилоят Fаффорӣ Н.А., Файзуллозода З.Қ. ва А.Яъқубӣ гузошта шавад.