Қарори Раиси вилояти Суғд аз 26 январи соли 2017, № 25

Дар бораи таҷлили Иди байналмилалии Наврўз – 2017

Мутобиқи моддаҳои 19 ва 20 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ», тибқи дастури Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, мўҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, бо мақсади таҳкими ваҳдату худшиносии миллӣ, тарғиби расму оинҳо ва ҷашну маросимҳои мардумӣ, бо назардошти мақом ва нақши Наврўзи байналмилалӣ дар таърихи халқи тоҷик, қарор мекунам:

1. Моҳи марти соли 2017 ҷашни байналмилалии Наврўз дар вилоят таҷлил карда шавад.

2. Ҳайати кумитаи тадорукот ва нақшаи чорабиниҳои таҷлили Иди байналмилалии Наврўз тасдиқ карда шаванд.

3. Тантанаҳои вилоятии Иди байналмилалии Наврўз дар муассисаи давлатии «Боғи миллии Ваҳдат» баргузор карда шаванд.

4. Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳо ҷиҳати дар сатҳи баланди ташкилӣ ва пурмазмун таҷлил кардани Иди байналмилалии Наврўз тадбирҳо андешанд.

5. Шўъбаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа, иттилоотию таҳлилии дастгоҳи Раиси вилоят, Раёсатҳои кор бо занон ва оилаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят, маориф, фарҳанг, ҷавонон, варзиш ва сайёҳии вилоят якҷоя бо иттиҳодияҳои эҷодию ҷамъиятӣ доир ба аҳамияти таърихиву фарҳангии Наврўз корҳои оммавии тарғиботиро густариш дода, бахшида ба ҷашн дар ташкилоту муассисаҳо, маҳаллаҳо, шаҳраку деҳот ва қисмҳои низомии ҳудуди вилоят мулоқоту семинар, конфронсҳо ва сўҳбатҳо дар атрофи мизи мудаввар баргузор намоянд.

6. Раёсати фарҳанги вилоят барои бо мазмун ва мундариҷаи баланд омода намудани барномаи театрикунонидашуда ва консерти идона бо фарогирии санъаткорони варзидаи шаҳру ноҳияҳои вилоят тадбирҳои зарурӣ андешад.

7. Роҳбарони корхона, муассиса ва ташкилотҳо, новобаста аз шакли моликият ва фаъолияти хоҷагидориашон ба тантанаҳои Иди байналмилалии Наврўз ҳаматарафа омодагӣ дида, бо корҳои ободониву созандагӣ, эҳёи ҳунарҳои миллӣ чораҷўӣ намоянд.

8. Идораи телевизион ва радиои вилоят, муассисаҳои давлатии рўзномаҳои вилоятии «Ҳақиқати Суғд», «Суғд ҳақиқати», «Согдийская правда» ва маҷаллаи «Паёми Суғд» рафти омодагиро ба ҷашн мунтазам инъикос намуда, барномаҳо таҳия ва маводҳо нашр намоянд.

9. Назорати иҷрои қарори мазкурро ба зиммаи худ мегузорам.