Қарори Раиси вилояти Суғд аз 27 январи соли 2017, № 28

Дар бораи таҳияи дурнамои рушди иҷтимоию иқтисодии вилояти Суғд барои солҳои 2018-2020

Мутобиқи моддаҳои 19 ва 20 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ», моддаи 3 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи дурнамоҳои давлатӣ, консепсияҳо, стратегияҳо ва барномаҳои инкишофи иҷтимоию иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон», Фармоиши Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 26 ноябри соли 2016, № 86-ф ва бо мақсади муайян намудани самтҳои афзалиятноки рушди иҷтимоию иқтисодии вилоят, қарор мекунам:      

1. Раёсати минтақавии рушди иқтисод ва савдои вилоят номгўи нишондиҳандаҳои дурнамои рушди иҷтимоию иқтисодии вилоятро барои соли 2018 ва параметрҳои асосии дурнаморо барои солҳои 2019-2020 муайян намуда, якҷоя бо тавсияҳои методӣ ба шаҳру ноҳияҳо, ташкилоту идораҳо ва дигар сохторҳои дахлдори вилоятӣ дастрас намояд; 

- якҷоя бо мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳо, идора, шўъба ва дигар сохторҳои дахлдори вилоят, инчунин корхонаю ташкилотҳо, новобаста аз шакли моликияташон, дурнамои рушди иҷтимоию иқтисодии вилоятро барои coли 2018 ва параметрҳои асосии онро барои солҳои 2019-2020 таҳия намояд.

2. Сарраёсати Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд ба Раёсати минтақавии рушди иқтисод ва савдо, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳо маълумоти омориро, ки дар таҳияи дурнамои рушди иҷтимоию иқтисодии вилоят барои солҳои 2018-2020 заруранд, мутобиқи дархостҳояшон пешниҳод намояд.

3. Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳо, идора, шўъба ва дигар сохторҳои дахлдори вилоятӣ ба Раёсати минтақавии рушди иқтисод ва савдо то 15 феврали соли 2017 дар асоси пешниҳоди корхона, муассиса ва ташкилотҳо дурнаморо барои соли 2018 ва параметрҳои асосии дурнамои рушди иҷтимоию иқтисодиро барои солҳои 2019-2020 пешниҳод намоянд.

4. Раёсати минтақавии рушди иқтисод ва савдои вилоят то 20 марти соли 2017 дурнамои рушди иҷтимоию иқтисодии вилоятро барои соли 2018 ва параметрҳои асосии онро барои солҳои 2019-2020 таҳия намуда, дар шакли хаттӣ ва электронӣ ба Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон ирсол намояд.

5. Назорати иҷрои қарори мазкур ба зиммаи муовини Раиси вилоят Анвар Яъқубӣ гузошта шавад.