Қарори Раиси вилояти Суғд аз 6 феврали соли 2017, №44

Дар бораи таҷлили Рўзи таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон

Мутобиқи моддаҳои 19 ва 20 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ» ва моддаи 2-юми Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рўзҳои ид», бо назардошти саҳми босазо доштани Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳифзи сулҳу суботи кишвар, Истиқлолият ва якпорчагии давлат, инчунин чун рукни муҳими давлатдории тоҷикон, қарор мекунам:

1. Санаи 23 феврали соли 2017 Рўзи таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар қаламрави вилоят ботантана ва шукўҳу шаҳомати хоса таҷлил карда шавад.

2. Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳои вилоят вазифадор карда шаванд, ки ба муносибати Рўзи таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати ободонии ёдгорӣ ва муҷассамаҳои шаҳидон, оромгоҳи сарбозон ва афсарон, дастгирии моддию маънавии иштирокчиён ва маъюбони Ҷанги Бузурги Ватанӣ, ҷанговарони байналмилал, ҳимоятгарони барқароркунии сохти конститутсионӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон тадбирҳои зарурӣ андешида, чорабиниҳои фарҳангию маърифатӣ ташкил ва баргузор намоянд.

3. Раёсати тандурустии вилоят ва шўъбаи ҳифзи иҷтимоии аҳолии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят якҷоя бо Шўрои собиқадорони Комиссариати ҳарбии вилоят ҷиҳати расонидани хизмати кафолатноки тиббӣ ва ҳифзи иҷтимоии собиқадорони Қувваҳои Мусаллаҳ, ҷанговарони байналмилал, ҳимоятгарони барқароркунии сохти конститутсионӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон чораҳои дахлдор андешанд.

4. Ба Раёсати фарҳанги вилоят супурда шавад, ки бахшида ба Рўзи таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон барномаи фарҳангию маърифатӣ омода намояд.

5. Комиссариати ҳарбии вилоят маблағгузории баргузории чорабинии мазкурро аз ҳисоби маблағҳои барои Комиссариати ҳарбии вилоят дар соли 2017 пешбинишуда амалӣ намояд.

6. Идораи телевизион ва радиои вилоят, рўзномаҳои вилоятии «Ҳақиқати Суғд», «Согдийская правда», «Суғд ҳақиқати» оид ба таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон маводҳо чоп ва барномаҳои ҷолибро пахш намоянд.

7. Назорати иҷрои қарори мазкур ба зиммаи муовини якуми Раиси вилоят Раҳматзода Р.М. ва роҳбари дастгоҳи Раиси вилоят Зоирӣ F.М. гузошта шавад.