Қарори Раиси вилояти Суғд аз 20 феврали соли 2017, № 69

Дар бораи гузаронидани озмуни вилоятӣ барои беҳтарин маводи журналистӣ таҳти унвони «Хомаи созанда-2017»

Мутобиқи моддаҳои 19 ва 20 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ» бо мақсади тарғиби дастовардҳои замони истиқлолият, таъмини инъикоси муҳимтарин таҳаввулоти иқтисодию иҷтимоии вилоят, нашри маводҳои баландпоя дар мавзўъҳои мубрами рўз, ҳамчунин дастгирии журналистони вилоят ва дар асоси дархости муовини якуми Раиси вилоят Раҳматзода Р.М. аз 2 феврали соли 2017, №6/51, Ґарор мекунам:

1. Озмуни вилоятӣ барои беҳтарин маводи журналистӣ таҳти унвони «Хомаи созанда-2017» бахшида ба Рўзи Парчами Ҷумҳурии Тоҷикистон гузаронида шавад.

2. Низомнома ва харҷномаи озмуни вилоятӣ барои беҳтарин маводи журналистӣ таҳти унвони «Хомаи созанда-2017» тасдиқ карда шавад.

3. Ба Сарраёсати молия дар вилоят супорида шавад, ки аз ҳисоби маблағи бақияи озоди дар ҳолати 1 январи соли 2017 мавҷудбудаи буҷети вилоятӣ барои гузаронидани озмуни вилоятии «Хомаи созанда-2017» ба дастгоҳи Раиси вилоят 150000 (яксаду панҷоҳ ҳазор) сомонӣ ҷудо намояд.

4. Дастгоҳи Раиси вилоят вазифадор карда шавад, ки истифодаи мақсадноки маблағи ҷудогардидаро таъмин намояд.

5. Ба шўъбаи иттилоотию таҳлилии дастгоҳи Раиси вилоят супурда шавад, ки ҷиҳати дар сатҳи зарурӣ ташкил ва гузаронидани озмун тадбирҳои мушаххас андешад.

6. Қарори мазкур барои тасдиқ ба иҷлосияи навбатии Маҷлиси вакилони халқи вилоят пешниҳод карда шавад.

7. Назорати иҷрои қарори мазкур ба зиммаи муовини якуми Раиси вилоят Раҳматзода Р.М. ва муовини Раиси вилоят А.Яъқубӣ гузошта шавад.