Қарори Раиси вилояти Суғд аз 1 марти соли 2017, № 87

Дар бораи Нақшаи чорабиниҳо оид ба пешгирии ҳолатҳои фавқулодда, кам кардани ҳаҷми зарар ва талафот дар мавзеъҳои хавфноки вилояти Суғд барои солҳои 2017-2019

Мутобиқи моддаҳои 19 ва 20 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ», моддаҳои 10 ва 11 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳифзи аҳолӣ ва ҳудуд аз ҳолатҳои фавқулоддаи дорои хусусияти табиӣ ва техногенӣ» ва бо мақсади зери назорати доимӣ қарор додани мавзеъҳои хавфноки вилоят, қарор мекунам:     

1. Нақшаи чорабиниҳо оид ба пешгирии ҳолатҳои фавқулодда, кам кардани ҳаҷми зарар ва талафот дар мавзеъҳои хавфноки вилояти Суғд барои солҳои 2017-2019 тасдиқ карда шавад.

2. Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳо ва ташкилоту идораҳои дахлдори вилоят амалигардонии Нақшаи чорабиниҳоро оид ба пешгирии ҳолатҳои фавқулодда, кам кардани ҳаҷми зарар ва талафот дар мавзеъҳои хавфноки вилояти Суғд барои солҳои 2017-2019 таъмин намоянд.

3. Ситод оид ба ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании вилояти Суғд вазифадор карда шавад, ки Нақшаи чорабиниҳои мазкурро зери назорати худ қарор дода, аз рафти иҷрои он ҳар нимсола ба Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят ахборот пешниҳод намояд.

4. Назорати иҷрои қарори мазкур ба зиммаи муовини Раиси вилоят Файзуллозода З.Қ. гузошта шавад.