Қарори Раиси вилояти Суғд аз 14 апрели соли 2017, № 175

Дар бораи таҷлили Рӯзи Fалаба дар Ҷанги Бузурги Ватании солҳои 1941-1945

Мутобиқи моддаҳои 19 ва 20 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ», бо назардошти аҳамияти оламшумули Fалаба дар Ҷанги Бузурги Ватании солҳои 1941-1945, бо мақсади қадршиносӣ аз ҷасорату мардонагии иштирокчиёни ҷанг, посдории хотираи шаҳидон ва тарбияи ҷавонон дар рӯҳияи ватандӯстӣ қарор мекунам:

1. Санаи 9 майи соли 2017 дар қаламрави вилоят Рӯзи Fалаба дар Ҷанги Бузурги Ватании солҳои 1941-1945 ботантана таҷлил карда шавад.

2. Ҳайати кумитаи тадорукот ва нақшаи чорабиниҳои ҷашнӣ тасдиқ карда шавад.

3. Шӯъбаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа, маъмурию ҳуқуқии дастгоҳи Раиси вилоят, раёсатҳои кор бо занон ва оилаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят, маориф, фарҳанг, ҷавонон, варзиш ва сайёҳии вилоят якҷоя бо Шӯрои собиқадорони ҷангу меҳнати вилоят ҷиҳати бошукӯҳ ва хотирмон доир намудани тантанаҳои ҷашнӣ бо иштирокчиёни Ҷанги Бузурги Ватанӣ дар муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ, миёнаи махсус, умумӣ, муассисаҳои фарҳангӣ, қисмҳои ҳарбӣ ва корхонаву ташкилотҳо силсилаи мулоқоту сӯҳбатҳо баргузор намуда, ҷиҳати аёдат, дастгирии моддию маънавии иштирокчиёну маъюбони Ҷанги Бузурги Ватанӣ ва шахсони имтиёзашон ба онҳо баробар чораҷӯӣ намоянд.

4. Раёсати тандурустии вилоят якҷоя бо шӯъбаи ҳифзи иҷтимоии аҳолии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят ва Шӯрои собиқадорони ҷангу меҳнати вилоят барои расонидани хизмати кафолатноки тиббӣ, ҳифзи иҷтимоии иштирокчиёну маъюбони Ҷанги Бузурги Ватанӣ ва ашхоси имтиёзашон ба онҳо баробар тадбирҳои зарурӣ андешанд.

5. Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳои вилоят:

- ба муносибати Рӯзи Fалаба дар Ҷанги Бузурги Ватании солҳои 1941-1945 нақшаи мукаммали чорабиниҳои ҷашниро таҳия ва тасдиқ намоянд;

- дар доираи ҳафтаи «Поси хотир» таъмиру тармими лавҳаҳои ёдгории шаҳидони ҷангро ба роҳ монда, маросими ёдбуди шаҳидони ҷангро баргузор намуда, аз ҳисоби афсарон ва хонандагони мактабҳо дар пояи муҷассамаю ёдгориҳо посбонҳои фахрӣ ташкил намоянд;

- мулоқоту вохӯрӣ, сӯҳбат дар атрофи мизҳои мудаввар, чорабиниҳои фарҳангиву сиёсиро баҳри тарғибу ташвиқи ҳаёту қаҳрамониҳои иштирокчиён ва маъюбони Ҷанги Бузурги Ватанӣ бо иштироки доираи васеи аҳолӣ ташкил намоянд.

6. Шӯъбаи иттилоотию таҳлилии дастгоҳи Раиси вилоят, идораи телевизион ва радиои вилоят, рӯзномаҳои вилоятии «Ҳақиқати Суғд», «Согдийская правда», «Суғд ҳақиқати» оид ба корнамоӣ ва қаҳрамониҳои халқи тоҷик дар набардҳои Ҷанги Бузурги Ватании солҳои 1941-1945 маводу мақолаҳо ва барномаҳои ҷолибро пахш ва инъикос намоянд.

7. Назорати иҷрои қарори мазкур ба зиммаи муовини якуми Раиси вилоят Раҳматзода Р.М. гузошта шавад.