Қарори Раиси вилояти Суғд аз 28 апрели соли 2017, № 196

Дар бораи расонидани кўмаки яквақтаи моддӣ ба муносибати 72-солагии Рўзи Fалаба дар Ҷанги Бузурги Ватании солҳои 1941-1945

Мутобиқи моддаҳои 19 ва 20 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ» ба муносибати 72-солагии Рўзи Fалаба дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ, бо мақсади ҳифзи иҷтимоии иштирокчиёну маъюбони Ҷанги Бузурги Ватанӣ, ҳамсарони бесаробонмондаи ҷанговарони дар ин ҷанг ҳалокгардида ва шахсоне, ки дар солҳои Ҷанги Бузурги Ватанӣ дар хизмати ҳарбӣ буданд ва камаш 6 моҳ дар ақибгоҳ кор кардаанд, инчунин, шахсоне, ки барои хизмати ҳарбии бенуқсон ва меҳнати фидокорона дар ақибгоҳ дар давраи Ҷанги Бузурги Ватании солҳои 1941-1945 бо яке аз медалҳои «Барои Fалаба бар Германия дар Ҷанги Бузурги Ватании солҳои 1941-1945», «Барои Fалаба бар Япония» ва «Барои меҳнати шоён дар солҳои Ҷанги Бузурги Ватании солҳои 1941-1945» сарфароз гардидаанд, бо назардошти дархости сардори шўъбаи ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ дар вилоят аз 19 апрели соли 2017, №189, қарор мекунам:

1. Ба иштирокчиёну маъюбони Ҷанги Бузурги Ватании солҳои 1941-1945, ҳамсарони бесаробонмонда, ҷанговарони дар ин ҷанг ҳалокгардидае, ки нафақаи бесаробонӣ мегиранд, ба маблағи 1500 (як ҳазору панҷсад) сомонӣ ва шахсоне, ки дар давраи Ҷанги Бузурги Ватании солҳои 1941-1945 дар хизмати ҳарбӣ буданд ва камаш 6 моҳ дар ақибгоҳ кор кардаанд, инчунин, ба шахсоне, ки барои хизмати ҳарбии бенуқсон ва меҳнати фидокорона дар ақибгоҳ дар Ҷанги Бузурги Ватании 1941-1945 бо яке аз медалҳои «Барои Fалаба бар Германия дар Ҷанги Бузурги Ватании солҳои 1941-1945», «Барои Fалаба бар Япония» ва «Барои меҳнати шоён дар солҳои Ҷанги Бузурги Ватании солҳои 1941-1945» сарфароз гардидаанд, ба маблағи 1200 (як ҳазору дусад) сомонӣ кўмакпулии яквақта муқаррар карда шавад.

2. Ба шўъбаи ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ дар вилоят супурда шавад, ки аз ҳисоби маблағҳои ба шўъбаи ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ дар вилоят дар соли 2017 ба ин мақсад пешбинишуда, пардохти кўмакпулиҳои яквақтаро мувофиқи замимаҳои 1 ва 2 ба суратҳисоби филиалҳои Бонки давлатии амонатгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон «Амонатбонк» дар шаҳру ноҳияҳои вилоят 895200 (ҳаштсаду наваду панҷ ҳазору дусад) сомонӣ ирсол намуда, назорати истифодаи мақсадноки маблағҳои ҷудогардидаро таъмин намояд (ГВБ 06108 2612).

3. Ба филиали №23 Бонки давлатии амонатгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон «Амонатбонк» дар вилояти Суғд супорида шавад, ки мувофиқи рўйхати аз тарафи мақомоти маҳаллии Раёсати Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд пешниҳод гардида, пардохти кўмакпулиҳои муқарраргардидаро таъмин намояд.

4. Назорати иҷрои қарори мазкур ба зиммаи муовинони Раиси вилоят Fаффорӣ Н.А. ва А.Яъқубӣ гузошта шавад.