Қарори Раиси вилояти Суғд аз 16 майи соли 2017, № 244

Дар бораи гузаронидани амалиёти “Кўкнор – 2017”

Мутобиқи моддаҳои 19 ва 20 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ», супориши роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 29 апрели соли 2017, № 6125 (31-6), бо мақсади ҳамоҳангсозии фаъолияти раёсату идораҳои дахлдор ва мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, ҷиҳати ошкору нобуд сохтани растаниҳои нашъаовари худрўй ва ғайриқонунӣ дар қаламрави вилояти Суғди Ҷумҳурии Тоҷикистон киштшуда, қарор мекунам: 

1. Дар давраи аз 20 май то 31 август ва аз 1 сентябр то 30 ноябри соли 2017 дар ҳудуди вилояти Суғд дар ду марҳала амалиёти «Кўкнор-2017» гузаронида шавад.

2. Ҳайати Ситоди кории вилоятии амалиёти «Кўкнор-2017» тасдиқ карда шавад.

3. Дар ҷараёни гузаронидани амалиёти «Кўкнор-2017» камаш як маротиба дар ду моҳ ҷаласаи Ситоди корӣ гузаронида, ҳангоми зарурат баргузории ҷаласаҳои сайёри Ситоди корӣ дар маҳалҳое, ки дар онҳо вазъи нашъамандӣ мураккаб арзёбӣ мегардад, ба нақша гирифта шавад.

4. Барои ташкили кор, назорат ва ҳамоҳангсозии фаъолияти мақомоти дахлдори ҳифзи ҳуқуқ, сохторҳои низомӣ ва идораҳои маҳаллӣ дар назди мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳо Ситодҳои кории амалиёти «Кўкнор-2017» ташкил карда шаванд. То санаи 1 июни соли 2017 гурўҳҳои оперативӣ-ҷустуҷўӣ ҷиҳати аз назар гузаронидани заминҳои наздиҳавлигӣ, хоҷагиҳои давлатӣ ва иҷоравӣ (сарфи назар аз шакли моликияташон) таъсис дода шаванд.

5. Хароҷоти вобаста ба гузаронидани амалиёти «Кўкнор-2017» аз ҳисоби маблағҳои дар сметаи хароҷоти раёсату идораҳои дахлдори вилоят ба ин мақсад пешбинишуда амалӣ карда шавад.

6. Раёсати Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилоят, Раёсати Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилоят, Раёсати Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилоят, Раёсати хадамоти гумрук дар вилоят то 20 майи соли 2017 нақшаи ташкил ва гузаронидани амалиёти «Кўкнор-2017» ва маҳалҳои ҷобаҷокунии дидбонгоҳҳои доимӣ ва сайёрро ҷиҳати бастани роҳҳои интиқоли ғайриқонунии маводи нашъаовар дар ҳудуди кишвар ва аз тариқи сарҳади давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд муайян намоянд.

7. Баҳри пешгирии сўиистеъмоли маводи нашъаовар ва ҷиноятҳои вобаста ба муомилоти ғайриқонунии маводи нашъадор аз ҷониби Шўроҳои ҳамоҳангсозӣ оид ба пешгирии сўиистеъмоли маводи нашъаовари шаҳру ноҳияҳои вилоят, ташкилотҳои дахлдори давлатӣ ва ғайридавлатӣ чорабиниҳои маҷмўии пешгирикунанда, таблиғотӣ ва маърифатӣ дар байни аҳолӣ, ҷомеаҳои меҳнатӣ ва муассисаҳои таълимӣ гузаронида шаванд.

8. Шўъбаи иттилоотию таҳлилии дастгоҳи Раиси вилоят, идораи телевизион ва радиои вилоят, идораи рўзномаҳои вилоятии «Ҳақиқати Суғд», «Согдийская правда», «Суғд ҳақиқати», мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳо чорабиниҳоро, ки дар ҷараёни амалиёти «Кўкнор-2017» гузаронида мешаванд, дар воситаҳои ахбори омма инъикос намоянд.

9. Мақомоти дахлдори ҳифзи ҳуқуқ ва сохторҳои низомии вилоят, сардорони Ситодҳои кории шаҳру ноҳияҳо дар ду марҳала то 5 сентябр ва то 5 декабри соли 2017 оид ба чораҳои андешида дар ҷараёни амалиёти «Кўкнор-2016» ва аз фаъолияти худ, мутобиқи намунаи замимашуда ба Раёсати Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд маълумоти муфассал пешниҳод намоянд.

10. Ситоди кории вилоятии амалиёти «Кўкнор-2017» аз натиҷаи марҳалаи якум то 10 сентябр ва марҳалаи дуюм то 10 декабри соли 2017 ба Раиси вилоят ва сардори Ситоди кории ҷумҳуриявии амалиёти «Кўкнор-2017» маълумоти муфассал пешниҳод намояд.

11. Назорати иҷрои қарори мазкур ба зиммаи муовини якуми Раиси вилоят Раҳматзода Р.М. гузошта шавад.